Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 КУШТА ВА 6 ЗАХМӢ ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 13 ОКТЯБР ДАР ДЕВАШТИЧУ НУРОБОД ВА ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13 октябри соли 2023 бар асари се садамаи нақлиётӣ, ки дар байни ҳамагӣ 4 соат дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ: ноҳияи Деваштич, шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Нуробод рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Аз ҷумла субҳи 13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоев Умар Мунаварович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Деваштич дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 251-уми ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Ғафуров Абдувосит Ворисович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини аввал  Бобоев У.М. ва мусофири ӯ Маҳкамова Бароат Исобоевна, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари мошини мазкур, Дадабоева Мунаввара Исломовна, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Хуҷанд ва ронандаи мошини «Мерседес-Бенс», Ғафуров А.В. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Ҳамчунин субҳи 13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Тико”, Тӯрақулзода Алимуҳаммад, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои мошини тамғаи “УАЗ-Патриот”, таҳти идораи Ашуров Рустам Зиёратшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қатори 2-юми роҳ амали гардиш ба қисмати чапи роҳро ба анҷом мерасонд, бархӯрдаст. Дар натиҷа, ронандаи “Дэу-Тико”, Тӯрақулзода А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 12:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ҳабибов Шукрулло Назриевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Алигалабони ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада ба чуқурии 150 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра”, Ҳабибов Ш.Н. ва мусофираш Насибова Назокат Юсуфовна, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари мошини мазкур, Маъмурзода Соҷида, соли таваллудаш 2001, хурдсол Маъмурзода Мастона, соли таваллудаш 2021, сокинони ноҳияи Рашт ва Музафаров Муҳаммад Қамарович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Тоҷикобод, Алимова Фирӯза Насимовна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуда, баъди гузаштани ташхиси тиббӣ ба хонаҳои худ баргаштанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button