ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЛАТТУКӮБИ ПУЛЧИНАКИ ХАТСАЙРИ №45 ДАР ИСТГОҲИ “ЧОЙХОНА”

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 11 октябри соли 2023 видеои муноқишаи ронандаи як мусофирбари тамғаи “Мерседес Спринтер” бо кондуктор ё пулчинаки хатсайри №45-ро фиристоданд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ин муноқиша рӯзи 11 октябри соли 2023, тақрибан соати 10:33 дар истгоҳи маъруф ба номи “Чойхона” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Шоҳидон мегӯянд, ронандаи “Спринтер”, ки тавре маълум шуд, бо рақамҳои қалбакӣ, яъне ғайриқонунӣ дар хатсайри №46 ба мусофиркашонӣ машғул буд, ба кондуктори хатсайри рақами 45 ҳамла намуда,  ӯро латтукӯб кард ва сару биниашро зада,  хунолуд кард.

Дар видеои фиристодашуда ҷабрдида бо сару рӯи хунолуд дида мешавад, вале ронандаи “Спринтер” кӯшиш мекунад, ки худро дар ин муноқиша ҳақ барорад.

Сабаби муноқиша шарҳ дода нашудааст, вале дар навор дида мешавад, ки яке аз шоҳидон ронандаи “Спринтер”-ро мазаммат мекунад, ки ба болои ғайриқонунӣ дар ин хатсайр мусофир кашонданаш боз даст ба зӯроварӣ задааст.

Муаллифони навор аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд, ки ба ин қазия расидагӣ карда, нисбат ба гунаҳкор чораҳои қонунӣ бияндешанд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button