ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР 10 РӮЗИ АВВАЛ АЛАКАЙ 55 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2023 дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки дар даҳрӯзаи аввали даъвати тирамоҳӣ, яъне аз 1 то 10 октябр, нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 55,4 фоиз иҷро гардида, то имрӯз дар маҷмӯъ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон алакай аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Барои муқоиса, дар 10 рӯзи аввали даъвати тирамоҳии соли 2022 нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 50,2% ва дар даҳрӯзаи аввали даъвати баҳории соли ҷорӣ ҳамагӣ 40 фоиз иҷро шуда буд.

Маркази матбуоти вазорати мудофиаи натиҷаҳои бадастомадаро “натиҷаҳои дилхоҳу назаррас” баҳо дода, зикр кардааст, ки вилояти Бадахшон чун дар даъватҳои пешин ин навбат низ аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ алакай дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ, яъне 1 октябр, аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дод.

Ҳамин тавр, дар 10 рӯзи аввал иҷрои нақша дар вилояти Хатлон беш аз 60 фоизро ташкил додааст. Вазорати мудофиа ёдовар шудааст, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 иҷрои нақша  дар ҳудуди ин вилоят 54 фоизро ташкил медод.

Нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 65 фоиз, дар  шаҳри Душанбе 45 фоиз ва  дар вилояти Суғд 43 фоизро ташкил дода, вазорати мудофиа зикр кардааст, ки аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аввалин шуда нақшаро дар нахустин рӯзи даъват ба пуррагӣ иҷро карданд. Ноҳияҳои зикргардида давоми чандин соли охир дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар баробари вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалин иҷрокунандагони нақшаи даъват мебошанд, таъкид кардааст маркази матбуоти вазорат.

Мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман 1 октябр оғоз ёфт. Ин мавсими даъват ду моҳ, яъне то 30 ноябр давом мекунад.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд. Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазор то 51 ҳазор боло бурда шуд, ки ба бовари бисёриҳо, хеле зиёд буда, метавонад шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм кунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони даъват дар маҳалҳо мегӯянд, ки дар давоми як соли охир нақшаи даъватро мақомот аз 50% то ду маротиба боло бурдаанд, ки ин иҷрои онро боз ҳам мушкилтар мекунад. Аз ҷумла масъули даъват дар яке ноҳияҳои вилояти Суғд гуфт, ки агар як сол қабл онҳо дар як мавсим бояд 270 нафарро ба артиш мефиристоданд, ҳоло нақшаи онҳоро қариб ба 500 нафар расондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button