МАРГИ ПИРАМАРДИ 82-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ДАНҒАРА ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОН АЗ ОШХОНАИ “ШАББОДА” ДАР ХУШЕКАТ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2023
Пахш намудани пирамарди 82-сола аз ҷониби ронандаи «Опел-Астра»
Шоми 8-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исмонов Зикриоллоҳ Раҷабмуродович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навобод ба самти деҳаи Сангтудаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, пирамарди 82-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ба даст афтодани марди дузд
Ба ШВКД дар ноҳияи Айнӣ бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 7-уми октябри соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ошхонаи «Шаббода», воқеъ дар мавзеи «Тагоби Хушекат», дар канори шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А33»-ро дуздида ва аз ҳамёнҳои электронии “Душанбе Сити” ва “Амонатбонк»-и ба телефон васл шуда, 10 ҳазору 200 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.