ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАСТУ ПОЙҲОЯШ ЗАВЛОНАПЕЧ: НАХУСТИН АКСИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БАЪДИ БОЗДОШТ

Мақомоти Маскаву Душанбе то кунун хабари аз Русия ба Тоҷикистон овардани Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро тасдиқ ё рад накардаанд ва ягон шарҳ ҳам надодаанд, вале дурустии ин хабарро торафт манобеи нав ба нав тасдиқ карда истодаанд.

Шоми 10 октябри соли 2023 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аксеро фиристоданд, ки гуфта мешавад, дар он “Дилшоди Красавчик” баъди боздошташ сабт шудааст. Кай ва дар куҷо гирифта шудани ин акс маълум нест, вале дар акс нафари монанд ба “Дилшоди Красавчик” бо  риши дароз дида мешавад, ки дар танаш футболкаву шалвори навъи бриҷва дар пойҳояш ҷӯроби ғафс, вале аз болои ҷӯроб пойпӯши сабуки тобистонаи навъи “слантси”пӯшидааст. Чизи дигаре, ки ба чашм мерасад, ин аст, ки ҳам ба дастони он мард ва ҳам ба пойҳояш завлона задаанд.

Манбаи “Бомдод” гуфт, сабаби чунин либоси сабук дар тан доштани “Дилшоди Красавчик” ин аст, ки мақомоти вижаи Русия ӯро дар ҷои хобаш дастгир карда, бидуни онки ба ӯ ҳатто маҷолу имкони иваз кардани либосашро бидиҳанд, бардошта оварда, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, дар овардани “Дилшоди Красавчик” аз Русия яке аз нақшҳои асосиро додситони кул Юсуф Раҳмон ва идораи Додситонии кул бозӣ кардааст.

Дар асоси чӣ муомилае ба супурдани “Дилшоди Красавчик” розӣ шудани ҷониби Русия маълум нест. Маскав қаблан хоҳиши мақомоти баландпояи Тоҷикистонро дар мавриди боздошт ва истирдоди ӯ сарфи назар карда буд.

Аввалин шуда, хабари аз Русия овардани Дилшод Саидмуродовро Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири канали оппозитсионии “Ислоҳ ТВ” нашр кард. Ӯ рӯзи 10 октябри соли 2023 хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистону Русия дар мавриди ба Душанбе супурдани Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ” мувофиқат кардаанд.

“Дилшоди СБ” мавриди муомилаи мақомоти Тоҷикистону Русия қарор гирифт. Манобеъи “ Ислоҳ” мегӯянд, се рӯз аст таҳти бозпурсии муфаттишон дар Душанбе қарор дорад. Чаро, то ҳоло мақомот хомӯшанд?” – навишт Муҳаммадиқболи Садриддин дар саҳифааш дар Фейсбук.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд.  Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, овозаҳое дар ин бора дар байни мақомот чарх мезананд, вале агар Дилшод Саидмуродовро оварда бошанд, ӯро аз чашми ҳама хеле сахт пинҳон кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 10 октябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Ҳама чиз дар ин қазия дар дасти Маскав буд. Агар розӣ шуда бошад, боздошту ба Тоҷикистон оварданаш дигар ду карат ду аст”.

“Дилшоди Красавчик”, корманди собиқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки таҷрибаи кор дар вазорати корҳои дохилӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва бахши мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кулли ҷумҳуриро дошт, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев ба шумор меравад.

Бовар меравад, ки нақшаи рабудани бонкдори маъруфро маҳз Дилшод Саидмуродов кашида, ба ин кор чанд нафари дигар, аксаран мисли худаш кормандони собиқи аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳар сабабе рондашударо ҷамъ овардааст ва шоми 23 июни соли 2023 5 нафар аз одамрабоён – Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров –  баъди чандин рӯзи таъқиби  муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро аз назди манзилаш дар маркази шаҳри  Душанбе ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ  рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.

Рустам Ашӯров дар як суҳбати телефонӣ бо модараш куштани Исматуллоевро эътироф карда, гуфта буд, ки ӯро барои биткоинҳояш, ки гӯё ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд, вале “Дилшоди СБ ӯро чунон зад, ки мурд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз моҳи август хабар дода буд, ки аз 16 узви гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятие, ки дар рабудан ва куштори Исматуллоев даст доштанд, 13 нафараш алакай дастгир шудаанд. Аз 5 нафаре, ки бевосита дар рабудани бонкдори маъруф иштирок доштанд, Рустам Ашӯров дар роҳи фирор дар Молдова кушта шуду Бахтовар Сафаровро аз Туркия ва Акбар Ахмедовро аз Русия тавонистанд биоранд. Дилшод Саидмуродов, ки мақомот ӯро роҳбари гуруҳи одамрабоён мешуморанд, ва шарикаш Шоҳрух Хоҷаев, ки ҳарду ҳамроҳи аҳли оилаҳояшон субҳи 24 июн, билофосила баъди куштани Исматуллоев аввалӣ бо парвози Душанбе – Маскав ва дувумӣ бо парвози Душанбе – Истанбул фирор карданд. Дар бораи куҷо будани Шоҳрух Хӯҷаев маълумоте то ҳол нест.

Дар поёни моҳи август мақомот Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродовро дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карданд. Ҳадс зада мешуд, ки бо ин роҳ мақомот мехоҳанд писари фирории ӯро аз ҳечааш берун биоранд.

Манобеи “Бомдод” қаблан хабар дода буданд, ки “Дилшоди Красавчик” қабл аз рабудани Исматуллоев дар саффи ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангид ва баъди фирораш низ дар як пойгоҳи ин гуруҳи ҷангҷӯ дар қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи шарқи Украина пинҳон шуда ва ҳатто аз онҷо бо чанде аз роҳбарону намояндагони оппозитсияи тоҷик тамос гирифта, гуфтааст, ки мехоҳад ҳама ҷангҷӯёни тоҷикро дар Украина муттаҳид сохта, як “баталйони тоҷикӣ” бисозад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баъдан хабари дар пойгоҳи ЧВК “Вагнер” пинҳон шудани Дилшод Саидмуродовро рад кард ва гуфт, ки ӯ дар Русия аст.  Раҳимзода дар поёни моҳи август барои боздошту истирдоди “Дилшоди Красавчик” ба Маскав рафт ва бевосита бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев мулоқот кард, вале он вақт ба овардани  ӯ ноил нашуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15 сентябри соли 2023 хабар дод, ки “Дилшоди Красавчик” баъди фирораш ба Русия тақрибан як ҳафта дар шаҳри Пенза дар манзили Фирӯз Муминов, сокини 39-солаи деҳаи Чузии ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав пинҳон шудааст.

Додситонӣ дар баёнияаш гуфт: “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминов Фирӯз Фаттоевич, санаи таваллудаш 10 январи соли 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Чузӣ, ки аз соли 2020 бо Саидмуродов Д.Ҳ. шиносоӣ дошт,  баъди содир кардани ҷиноят Саидмуродов Д.Ҳ.-ро дар шаҳри Пензаи Федератсияи Россия қабул карда, то 1 июли соли равон барои пинҳон шудани ӯ мусоидат намудааст. Пас аз ин, Муминов Ф.Ф. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста, ки Саидмуродов Д.Ҳ. дар ҷустуҷӯӣ байналмилалӣ қарор дорад бо мақсади дар дигар минтақаи Федератсияи Россия пинҳон намудан, ӯро аз шаҳри Пенза тавассути воситаи нақлиёти кироякаш ба шаҳри Москва гусел кардааст.  Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муминов Ф.Ф. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷустуҷӯӣ байналмилалии ӯ эълон карда шудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамзамон эълон кард, ки “ҳар нафаре, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.” Маблағи ҷоиза расман эълон нашудааст, вале манобеи ғайрирасмӣ мегуфтанд, ки барои маълумоте, ки барои боздошти “Дилшоди Красавчик” кумак кунад, 50 ҳазор доллар ҷоиза таъйин кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

4 Comments

  1. Худо лаънат кунад ин каламушро ва хатман дар зиндон пусида мемирад. Ташаккур ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон.

  2. Шӯҳрат Исматуллоев, Муовини аввали Раиси ҶСК “Ориёнбонк” гуяд:

    Бо ҳамин ҳолати завлонапечу занҷирпеч қад-қади дарёи Варзобу Зарафшон баёноту нишондод медиҳад. Ҳукм ва ҷазои ӯро “конститутсия”-и махсус таъин мекунад, нисбати ӯ “қонунҳо”-и дар фикри башар хутурнакарда тадбиқ хоҳад шуд. Бо ин қотил суҳбатҳои як ба як, ду ба як, се ба як, даҳ ба як, ҳазор ба як доир хоҳад шуд. Хулосаи калом ин, ки “дузах”-и рӯйи заминро хоҳад дид!!!

  3. Чанд лаҳза баъд дилшод бо модараш дар назди дурбинҳои боздоштгоҳ ҳозир шуда, “овозаҳо” нисбати “занҷирпеч”-у “завлонапеч”-ро радд, ҳамзамон азобу шиканҷа шуданаш аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро низ радд мекунад ва мегӯяд, ки модарам дар озодӣ ҳаст ва худам чанд соат дар боздоштгоҳ мемонам…, се вақт хӯроки гарм, бо обу ғизо, сарулибос ва адвокат таъмин ҳастам, аз муоинаи тиббӣ низ гузаштам, ягон мушкили равонӣ надорам!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button