МуҳоҷиронҲодиса

ЧОР ТОҶИК ДАР КАЛУГА ҲАМВАТАНИ ХУДРО РАБУДА, АЗ Ӯ ПУЛ ТАЛАБ КАРДААНД

Раёсати тафтишоти вилояти Калугаи Русия рӯзи 10 октябри соли 2023 аз анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятии се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди тоҷиктабори Русия хабар дод. Ин ҳалқаи чоргонаи ҷиноятӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия ба одамрабоӣ бо мақсади тамаъҷӯӣ бо таҳдиди зӯроварии ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдида хатарнок бо истифода аз силоҳ айбдор мешаванд. Ҷабрдида дар ин парванда, яъне нафаре, ки ин 4 “рэкетир” рабуда, аз вай пул канданӣ шудаанд, низ аз Тоҷикистон будааст.

Худи дастгиршудагон ваё наздикону адвокатҳои онҳо ва ҳамин тавр, ҷабрдида барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин 4 нафар дар шаҳри Калуга як шиносашонро, ки ӯ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, маҷбуран ба мошин бор карда, бо худ бурдаанд ва бо таҳдид бо ду корду як пистолет аз вай пул талаб кардаанд. Баъди ин, одамрабоён ҷабрдидаро ба шаҳри Обнински вилояти Калуга, ки аз шаҳри Калуга тақрибан 85 километр шимолтар ҷойгир шудааст, бурдаанд ва дар онҷо мошинашро гирифта, худашро ҷавоб додаанд.

Ҷабрдида баъди раҳо хӯрданаш аз дасти “рэкетирҳо” рост ба пулис рафта, арз кардааст ва кормандони пулис одамрабоёнро дастгир карда, ба аъмоли ҷиноии ин чоргона нуқта гузоштааст.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Рӯшан нест, ки сабаби тоҷики худашонро рабудани аз вай пул талаб кардани ин 4 нафар чист ва онҳо аз ҷабрдида чанд сӯм талаб кардаанд?

Раёсати тафтишоти вилояти Калуга мегӯяд, барои исботи гуноҳи ин 4 айбдоршаванда далелҳои кофӣ ҷамъ овардааст ва аз ин рӯ, парвандаро дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Ба ин 4 нафари дастгиршуда барои одамрабоӣ бо мақсади тамаъҷӯӣ бо таҳдиди зӯроварии ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдида хатарнок бо истифода аз силоҳ ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бояд зикр кард, ки ин ягона мавриди боздошти зодагони Тоҷикистон дар Русия барои рабудани тоҷикҳои худашон ва аз онҳо пул талаб кардан нест.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 октябри соли 2023 дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон – аъзои гуруҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки вобасташ ба нақши ҳар кадомаш бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи 126, қисми дуюми моддаи 162, қисми сеюми моддаи 163 ва қисми сеюми моддаи 158 ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт Петербург ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва  соати ӯро, ки арзишашон тақрибан 34 ҳазор рублро ташкил медод, бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Одамрабоён ҳамчунин тавассути телефон аз суратҳисоби гаравгон 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд.

Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо як миллион рубл надиҳад ва худро аз “шармандагӣ” халос накунад, дар борааш маълумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино ба кӯчаи 10-уми Красноармейская дар як гӯшаи дигар дар қисмати шимолии Петербург овардаанд. Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

“Мафиозҳои тоҷик” ба аъмоли ҷиноии худ идома дода, рӯзи 7 ноябри соли 2022 се нафари онҳо дар хиёбони Кайҳоннавардон, ки дар паҳлуи хиёбони Дунай дар ҷануби Петербург ҷойгир шудааст, боз як зодаи Осиёи Марказиро таҳдид карда, 49,5 ҳазор рублашро кашида гирифтаанд.

Худи айбдоршавандагон ваё наздикону адвокатҳояшон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале як сол пеш ҳангоми боздошташон яке аз онҳо эътироф карда буд, ки ҳамватани худро бо чунин шакл “ҷазо” додаанд. Вале ӯ шарҳ надода буд, ки он зодаи дигари Тоҷикистон чӣ “гуноҳ” карда буд, ки ӯро гаравгон гирифта, аз вай як миллион рубл талаб кардаанд?

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки тафтишот далелҳои кофӣ ҷамъ овардааст ва ба ин далел, ин парвандаро барои тасдиқи айбномаи ниҳоӣ ба додситонӣ фиристодааст.

Ба айбдоршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 126 барои одамрабоӣ аз 5 то 12 соли зиндон, бар асоси моддаи сеюми моддаи 158 барои дуздӣ то 6 соли зиндон, бар асоси қисми дуюми моддаи 162 барои тамаъҷӯӣ то 10 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то як миллион рубл ва бар асоси қисми сеюми моддаи 162 барои ғоратгарӣ аз 7 то 15 соли зиндон низ бо ҷарима ба маблағи то як миллион рубл  таҳдид мекунад.

Ба ин тартиб, агар додгоҳ ин 4 тоҷики мафиозро гунаҳкор бишуморад, онҳо барои солҳои тӯлонӣ дар маҳбасҳои Русия дарбадар хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button