ВидеоИқтисодКоррупсияНуқтаи назар

БОЗДОШТИ РАҲБАРИ НАШРИЁТИ “ЭР-ГРАФ” СӮҲРОБ РАҶАБЗОДА БАРОИ НАШРИ КИТОБИ “ҲАВОДИСИ РӮЗГОРИ МАН”

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Сӯҳроб Раҷабзода, раҳбари нашриёти “Эр-Граф”, яке аз нашриётҳои бузургтарини Тоҷикистон, низ дар чорчӯби парвандаи пурсарусадои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дастгир шудааст. Китоби ёддоштҳои мудири бемористони “Ибн Сино” Абдухалил Холиқзодаро ним сол пеш маҳз нашриёти “Эр-Граф” чоп карда буд. Манобеи “Бомдод” рӯзи 11 октябри соли 2023 гуфтанд, ки Сӯҳроб Раҷабзода алакай қариб якуним моҳ боз дар ҳабс қарор дорад.

Наздикони Раҷабзода ва ҳамкоронаш дар нашриёти “Эр-Граф” аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд, вале яке аз зердастонаш эхтироф кард, ки Сӯҳроб Раҷабзода аз поёни моҳи август ба ин тараф дигар ба ҷои кор наомадааст ва ҳоло умури нашриётро асосан муовини ӯ пеш мебарад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Додситонии кул, ки тафтиши ин парвандаи пурсарусадоро дар даст дорад, то кунун боздошти раҳбари нашриёти “Эр-Граф”-ро шарҳ надодаанд.

Дар пайи муаллифи китоби ёддоштҳои “Ҳаводиси рӯзгори ман” мудири беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода ва муҳаррири ин китоб нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам, Сӯҳроб Раҷабзода инак сеюмин нафарест, ки дар чорчӯби ин парванда ҳабс шудааст.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, раҳбари нашриёти “Эр-Граф” низ мисли Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам, бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ айбдор мешавад. Ба ҳарсеи онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода моҳи марти соли 2023 нашр ва муаррифӣ шуд. Вале моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷо            й додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.

Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023 дастгир шуд.  Шоми 31 август кормандони Додситонии кул муҳаррири ин китоби ҷанҷолбарангез Абдуқодири Рустамро, ки дар ҳамон бемористони “Ибни Сино” ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳо кор мекард, дастгир карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст.

“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар шарҳи тасмимаш.

Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button