ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТАҲДИДИ ИСРОИЛ БА ПОСУХИ САНГИН БА ҲАМЛАИ ҲАМОС

Рӯзи 10 октябри соли 2023, чаҳорумин рӯзи даргириҳо байни Исроил ва гуруҳи фаластинии ҲАМОС дар ҳоле оғоз шуд, ки артиши Исроил ҳамлаҳои ҳавоии худро ба рӯи Ғазза шиддат бахшид.

Бино ба гуфтаи сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу, “ин танҳо оғози кор аст ва мо чунон амалиётеро ба роҳ мемонем, ки то ба ҳол касе монанди онро надидааст”.  Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки “ҷангро Исроил оғоз накард, аммо тавре ба ҷанг хотима мебахшад, ки солҳои сол дар зеҳни наслҳо хоҳад монд”.

Дар муқобили ин гуфтаҳои Натеняҳу, ҲАМОС низ таҳдид намуд, ки “дар посух ба ҳар зарбаи ҳавоии нерӯҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза, як нафар аз асирони исроилро эъдом хоҳад кард”. Сафири Исроил дар СММ гуфтааст, ки ҲАМОС аз 100 то 150 тан аз шаҳрванди Исроилро гаравгон гирифтааст ва онҳоро дар дохили Ғазза нигоҳ медорад.

Артиши Исроил хабар дод, ки “тайи шаби 9-ум ба 10-уми октябр, зиёда аз 200 зарбаи ҳавоӣ ба дохили Ғазза зада, чандин махфигоҳи ҲАМОСро нобуд кардааст”. Хабарнигори BBC низ гуфтааст, ки Исроил тамоми шаби гузашта даст аз бомбаборони Ғазза набардошт ва, то субҳ ҳадафҳои зиёдеро дар ин қисмати сарзаминҳои фаластинӣ зери ҳамлаҳои мушакӣ қарор дод.

Бино ба навиштаи BBC,  “артиши Исроил дар ҳоли эҷоди зерсохторҳо барои омодагӣ ба амалиёти заминист”.  Сухангӯи вазорати мудофиаи Исроил низ гуфтааст, ки “то ба ҳол 35 горди низомии худро дар марз бо Ғазза мустақар намудем”. Бояд гуфт, ки ҳар горд маъмулан шомили садҳо нерӯи низомист. Аз ин рӯ, таҳлилгарони низомии BBC гуфтаанд, ки “интизор меравад Исроил дар посух ба ҳамлаи ҲАМОС вориди Ғазза шуда, амалиёти заминии бузургеро дар онҷо ба роҳ мемонад”.

Вазорати тандурустии Фаластин ба хабарнигори BBC гуфтааст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза зиёда аз 770  тан аз аҳолии осоишта, бо шумули 100 зан ва зиёда аз 120 кӯдак ҷони худро аз даст дода, 3726 нафари  дигар маҷруҳ шудаанд. Дар навбати худ Исроил низ омори қурбониёни худро 900 нафар эълон карда, миқдори маҷруҳонро 2400 гуфт.

Ҳамчунин вазорати мудофиаи ин кишвар гуфт, ки дар манотиқи даргир бо нерӯҳои ҲАМОС дар дохили хоки Исроил онҳо ҷасади 1500 тан аз нерӯҳои ҲАМОСро пайдо кардаанд.

Созмони милали муттаҳид дар навбати худ эълон намуд, ки аз аввали даргириҳои ҲАМОС бо Исроил ва аз тарафии нерӯҳои ҳавоии Исроил бомбаборон гардидани Ғазза зиёда аз 187 ҳазор фаластинӣ манзилҳои худро аз даст дода, овора шудаанд. Ҳамчунин  ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал гуфтааст, ки 137 ҳазор нафар феълан дар 83 мактаби СММ паноҳ бурдаанд. Ин созмон аз тасмими дар муҳосира қарор додани Ғазза изҳори нигаронӣ карда, хостори кушода шудани даҳлез барои интиқоли маводи озуқаворӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Миср низ марзҳои худро ба рӯи фаластиниён бастааст ва дар тамоси телефонӣ раисҷумҳури ин кишвар ба валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки “бояд ҳар ду ҷониб ақлу хирадро ба кор баранд, зеро идомаи даргириҳо суботи минтақаро таҳдид хоҳад намуд”. Дар навбати худ ҷониби Исроил ба сокинони Ғазза тавсия дода буд, ки метавонанд аз тариқи гузаргоҳи “Рафоҳ”, ки дар марзи Ғазза бо Миср воқеъ аст, ҷони худро наҷот диҳанд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои арабӣ ҷонибҳоро ба “хештандорӣ” даъват мекунанд, Амрико, Фаронса, Олмон, Италия ва Британия дар баёнияи муштараке аз ҳимояти худ аз Исроил хабар дода, ҲАМОСро бо шиддат маҳкум намуданд. Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки кумакҳои худ ба Фаластинро қатъ мекунад. Аммо Испания мухолифи ин иқдоми Иттиҳоди Аврупо шуда, гуфтааст, ки “мо бояд ҲАМОСро аз мардуми осоиштаи Фаластин фарқ кунем”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон зимни суханронии худ, нақши Теҳрон дар ҳамалоти ҲАМОС ба Исроилро рад намуда, гуфт, ки “мо пешонӣ ва бозуи тарроҳони мудаббар ва ҳушманди ҷавонони фаластиниро мебӯсем”. Ҳамчунин оғои Хоманаӣ бар он бовар аст, ки “ҳуҷуми ҲАМОС бар Исроил зилзилаеро мемонад, ки Исроил аз назари низомӣ ва истихборотӣ шикасти ғайри қобили тармимро мувоҷеҳ шуда, бозсозии он ба содагӣ имконпазир нест”.

Хоманаӣ дар ҳоле ин суханонро гуфт, ки рӯзи 9 октябр  раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳушдор дода буд, ки “Эрон бояд аз дахолат дар муноқишаи ҲАМОС ва Исроил даст кашад”.

Илова ба ин, сенаторҳои амрикоӣ аз Сӣ Ҷинпинг, роҳбари Хитой хостаанд,  ба Эрон фишор орад, то Ҷумҳурии исломӣ ба муноқишаи ҲАМОС ва Исроил дахолат накунад.

Туркия мегӯяд, ки дар ҳоли омодагӣ барои миёнаравӣ байни Исроил ва ҲАМОС аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия  хабар медиҳанд, ки Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин дар рӯзҳои наздик аз Маскав дидор хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Да забонут садқа. Ячӣ менависи да ака. Илтимос, фаромуш наку фаластиниҳои мазлумра😭😭😭. Пайгириш ку. У ҳукумати фосидуш кирои гап нмекуна.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button