ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РӮЗИ СЕЮМИ ҶАНГИ ҲАМОС БО ИСРОИЛ: ДАР ПУШТИ ИН ҶАНГ ЭРОН ИСТОДААСТ?

Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи 8 октябри соли 2023 бо такя ба манобеи худ гузориш дод, ки “ҳамалоте, ки ҲАМОС аз субҳи шанбе алайҳи Исроил оғоз кард ва то ба ҳол идома дорад, бо иҷоза ва кумаки Эрон сурат гирифта ва чандин ҳафта пеш аз ҷониби мақомоти амниятии Ҷумҳурии исломӣ барномарезӣ шудааст”.

Дар ин гузориш ба нақл аз аъзои баландпояи ҲАМОС ва “Ҳизбуллоҳ” омадааст, ки “нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз моҳи август бо ҲАМОС барои барномарезии ин ҳамлаи густурдаи ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ҳамкорӣ намуда, дар дидори ҳафтаи гузашта дар Байрут, ба мақомоти ҲАМОС барои анҷоми он “чароғи сабз” нишон доданд”.

Нақшаи Эрон он будааст, ки “ҷанги фаъол бо Исроил дар ҳама ҷабҳаҳо бояд оғоз шавад. “Ҳизбуллоҳ” ва “Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин аз тарафи шимол, “Ҷиҳоди исломӣ” ва ҲАМОС аз Ғазза ва каронаи бохтарӣ бояд бо Исроил вориди ҷанг мешудаанд”.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони миллали муттаҳид даст доштани Эрон дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро рад намуд. Ӯ ин иқдоми фаластиниҳоро “дифои комилан машрӯъ дар баробари ҳафтод сол ишғоли золимона ва ҷиноёти фаҷиъи саҳюнистон” номид.

Ҳамзамон сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон низ бори дигар нақши Эрон дар даст доштан ба амалиёти фаластиниҳоро инкор намуда, таъкид кард, ки “ҳар иқдоми аҳмақонае нисбат ба Эрон бо посухи вайронгаре мувоҷеҳ хоҳад буд”.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен дар мусоҳиба бо CNN таъкид намуд, ки “Амрико ҳанӯз далеле дар даст надорад, ки ҳидоят ё дахолати Эрон дар ин ҳамларо тасдиқ ва ё рад кунад”. Аммо ӯ дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки “бидуни шак, байни Эрон ва ҲАМОС робитаи амиқе вуҷуд дорад”.

Дар навбати худ Эрон низ бо сароҳат пуштибонӣ аз гурӯҳҳои фаластинӣ, аз ҷумла ҲАМОС ва “Ҷиҳоди исломӣ”-ро инкор накарда, эътироф мекунад, ки бо ин гурӯҳҳо робитаи наздик дорад, аммо даст доштани худ ба ҳамлаи бесобиқаи ҲАМОС ба Исроилро такзиб мекунад.

Маҳмуд Мирвоӣ, як мақоми ҲАМОС ба WSJ гуфтааст, ки “тасмим (яъне тасмими ҷанг ба зидди Исроил) тасмими фаластиниҳо ва ҲАМОС аст”.

Бо ин ки кишварҳои ҷаҳон ва Созмони миллал ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро маҳкум карданд, то ба ҳол  задухӯрд байни онҳо идома дорад. Субҳи 9-уми октябри соли 2023 вазорати мудофиаи Исроил аз ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ ба дохили Ғазза хабар дод. Ҳамчунин вазири мудофиаи Исроил Йоав Галант фармони ба муҳосира гирифтани Ғаззаро баровардааст.

Бино ба навиштаи The Times of Israel, Исроил ҳама гуна иртибот бо Ғаззаро қатъ кардааст. Тибқи фармони Галант, интиқоли нерӯи барқ, маводи озуқаворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ ва интернет  юа навори Ғазза пурра қатъ шудааст.

Ҳамчунин вазири исроилӣ гуфтааст, ки “қонуни ҷанг тағйир кардааст, акнун мо чунон посух хоҳем дод, ки мардум Ғазза дар 50 соли оянда онро фаромӯш нахоҳанд кард”.

Дар навбати худ гурӯҳи ҲАМОС дигарбора шаҳрҳои Исроилро мушакборон намуд. Ба гуфтаи ҲАМОС, онҳо 100 мушакро ба ҷониби Исроил партоб кардаанд. Бино ба навиштаи BBC, ин дафъа шаҳрҳои Байтулмуқаддас (Иерусалим), Ашкелон ва Ашдод мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтанд.

То ин дам коршиносони низомӣ системаи дифоъи ҳавоии Исроилро аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон медонистанд вале таҳаввулоти ахир нишон дод, ки мушакҳои ҲАМОС ҳатто бо вуҷуди и замонавӣ набуданашон ба ҳадаф расиданд. Вазорати мудофиаи Исроил аз камбудӣ ва норасоии шабакаи дифоъи зиддиҳавоӣ хабар дода, аз Амрико кумак хост.

Амрико низ дар навбати худ киштиҳои ҷангии худ, аз ҷумла новгони баҳрии ҳомили тайёраҳои ҷангӣ, “Ҷералд Форд”, киштии ҷангии ҳомили мушакҳои дурпарвози “Нормандия”, киштии ҷангии “Томас Ҳендер”, “Реймиҷ” ва чанд киштии дигари ҳарбиашро ба соҳилҳои Исроил наздик намуд.

Ин иқдоми Амрикоро Русия “дахолати тарафи сеюм ба даргириҳои ҲАМОС ва Исроил” номидааст.

Нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ дар мавриди даргириҳои ҲАМОС ва Исроил бе натиҷа ва бидуни баёнияи ягона анҷом ёфт. Танҳо гуфта шуд, ки аъзои Шӯро ҳамлаи ҲАМОСро маҳкум мекунанд. Роберт Вуд, муовини намояндаи Амрико дар СММ гуфтааст, ки “теъдоди зиёде аз аъзои Шӯрои амният, вале на ҳамаи онҳо ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро маҳкум карданд”. Ӯ гуфтааст, расонаҳо бе ин ки ӯ аз ин кишвар ном барад, медонанд, ки гап сари кадом кишвар меравад.

Бар асоси гузоришҳо, манзури Вуд Русия аст. Вуд гуфтааст, ҳамаи 15 кишвари узви Шӯрои амният мебоист амали ҲАМОСро маҳкум мекарданд.

Вале намояндаи Хитой дар СММ, Жонг Чун бе зикри номи ҲАМОС  танҳо гуфтааст,  “Чин ҳамла ба ғайринизомиёнро маҳкум мекунад”.

Намояндаи Русия дар СММ ба AP гуфтааст,  “иддаои Вашингтон дар мавриди он, ки Русия ҳамалоти ҲАМОСро маҳкум накард, аз воқеият дур аст”. Ӯ таъкид кардааст, ки “дар ҳоли ҳозир ончӣ, ки аҳамият дорад, ин ҷилавгирӣ аз вахимтар шудани вазъият ва афзоиши талафоти аҳолии осоишта аст”.

Дар 3 рӯзи даргириҳои ҲАМОС бо Исроил, бино ба иттилои вазорати тандурустии Исроил, дасти кам 700 исроилӣ кушта ва 2 ҳазору 384 нафар захмӣ шудаанд.

Аз ҷониби фаластинҳо бошад, асосан дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Ғазза 493 кас кушта ва 1 ҳазору 750 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Баъзе аз расонаҳо аз контроли пурраи шаҳрҳои Исроил аз ҷониби артиши ин кишвар хабар доданд. Вале як сухангӯи артиши Исроил ба Aссошиэйтед Пресс гуфтааст, ки “умедворем, то поёни рӯзи душанбе низомиёни мо назорати пурраи тамоми минтақаҳои наздимарзӣ бо Ғаззаро ба даст мегиранд”.

Вале ҳамзамон васоити ахбори омма хабар медиҳанд, ки нерӯҳои ҲАМОС то кунун кӯшиш карда истодаанд, ки аз тариқи марзҳои заминӣ вориди хоки Исроил шаванд. Дар ҷавоб ба ин хабар артиши Исроил тасдиқ намуд, ки чунин раванд идома дорад, вале аксарияти ҷангҷӯён ҳангоми убури марз мавриди ҳадаф қарор гирифта мешаванд.

Дар мавриди пайвастани “Ҳизбуллоҳ” ба даргириҳои ҲАМОС ва Исроил, вазири корҳои хориҷии Лубнон гуфтааст, ки “гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” қавл додааст, ки агар Исроил осеби ҷиддӣ ба Лубнон нарасонад, онҳо вориди даргирӣ бо Исроил намешаванд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button