ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ СЕ СОАТ ДАР ПАНҶ ВА ҚУМСАНГИР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагард ва ронандаи дучарха дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ

005

Субҳи 7-уми октябри соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Ҳайитов Фирӯз Қиёмиддинович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Меҳвар ба самти ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Кучаков Маҳмадулло Ҳайдарович, соли таваллудаш 1987-ро, ки аз тарафи рост ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Кучаков М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 7-уми октябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Даелим”, Ғоибов Кароматулло Бадриддинович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қумсангир ба самти шоҳроҳи “Бохтар-Панҷ”дар ҳудуди деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангир, ба роҳи дуюмдараҷа баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Ғоибзода Идибек Абдулҳамид, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи дуҷарха дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб

123

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст.

Гумонбаршаванда, 5-уми июли соли 2023, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини ноҳияи Деваштич даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри-2», ки арзишаш 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тариқи насия гирифта, маблағашро то ҳол пардохт накардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button