
Хадамоти матботи идораи боҷхонаи ҳавзаи Шимолу Ғарбии Русия рӯзи 8 октябри соли 2023 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи Пулково дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург аз бағочи ду мусофир аз Тоҷикистон, ки ба Петербург барои кор дар сохтмон омадаанд, 285 шиша атриёти гуногун пайдо кардаанд. Вазни умумии атриёти ёфтшуда аз 35 кило ҳам зиёд будааст.
Сардори боҷхонаи Пулково Анатолий Тимошенков гуфтааст, ки аз 1 октябри соли 2020 маҳсулоти атриёте, ки ба Русия ворид карда мешавад, бояд ҳатман тамғабандӣ (маркировка) шавад.
Дар боҷхонаи Пулково гуфтаанд, ки ду мусофир аз Тоҷиктстон бо чунин миқдори бузурги атриёт дар бағочашон мехостанд аз “долони сабз” гузаранд. Вақте ки мусофир аз “долони сабз” мегузарад, ӯ амалан эълом мекунад, ки чизе барои нишон додан дар боҷхона ва дарёфти иҷозаи мақомоти гумрук надорад.
Аммо тафтиш ва кофтукоби бағочи ин ду мусофир нишон додааст, ки дар борхалтаи якеи онҳо 146 шиша ё флакон ва дар бағочи дуюмӣ 139 шиша атр будааст.
Ин ду мусофир дар баёноташон ба кормандони боҷхона гуфтаанд, ки ба Петербург барои кор дар сохтмон омадаанд ва дар бораи тиҷорати атриёт чизеро сарфаҳм намераванд ва ҳатто намедонанд, ки ин атриёти овардаи онҳо чӣ қадар арзиш дорад? Онҳо гуфтаанд, ки қонунро нодониста вайрон кардаанд ва ин маҳсулотро як шиносашон хоҳиш карда буд, ки бо худ ба Русия баранд.
Ҳамаи ин 285 шиша атр аз он ду мусофир гирифта шуда ва барои ташхис фиристода шудааст. Ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд. Ба онҳо барои дар боҷхона эълом накардани маҳсулоти бо худ овардаашон ҷарима ба маблағи то ду баробари арзиши маҳсулоти аз онҳо ёфтшуда бо мусодираи ин маҳсулот ё бе мусодираи он таҳдид мекунад.

