Як зани 56-сола аз Тоҷикистон, ки дар як тарабхона дар хиёбони Нева, 100 дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси фаррош кор мекард, ба дуздидани маблағи бузурги рублу долларов – дар умум 1,7 миллион рубл, ё ҳудудан 170 ҳазор доллари Амрико, ки ба як сайёҳ аз Индонезия тааллуқ доштааст, айбдор мешавад.
Шаҳрванди 39-солаи Индонезия ҳанӯз рӯзи 26 сентябри соли 2023 ба пулиси ноҳияи Тсентралнийи шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат карда, аз гум шудани пулҳояш хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки шоми 25 сентябр дар тарабхона дар хиёбони Нева хӯроки шом хӯрда буд ва ба эҳтимоли ғолиб, пулашро ҳамон ҷо фаромӯш кардааст.
Таҳқиқи сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ дар тарабхона нишон додааст, ки сайёҳи хориҷӣ дар ҳақиқат сумкаи пур аз пулашро дар ҳаминҷо фаромӯш кардааст. Нафаре, ки ин пулҳоро субҳи рӯзи дигар, 26 сентябр, гирифта, бо худ бурдааст, низ ба дурбини камера афтодааст. Маълум шуд, ки ин корро фарроши тарабхона – зани 56–сола аз Тоҷикистон – кардааст.
Рӯзи 4 октябр баъди таҳқиқи сабти видеокамераҳо кормандони пулис ин занро дар манзиои иҷорааш дар кӯчаи Чехов, 15 дастгир карданд. Аз он манзил як қисми пулҳои рабудашударо ҳам пайдо кардаанд. Зан баъди боздошташ ба гуноҳи худ зуд иқрор кардааст ва гуфтааст, ки долларҳои рабудаашро алакай ба Тоҷикистон фиристода, рублҳоро дар хона нигоҳ медошт.
“Вақте ки қаҳвахонаро тоза мекардам, як сумка ёфтам. Кушодам, ки дар дарунаш пул аст. Пулҳоро ба хона, ба Душанбе мефиристодам”, — нақл кардааст ӯ дар баёноташ ба пулис.
Акнун ба ин зан бар асоси моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Русия барои дуздӣ то 6 соли зиндон таҳдид мекунам. Ба болои ин, баъди боздошти зан маълум шуд, ки ӯ дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекардааст. Барои будубош ва кори ғайриқонунӣ ба ин зан иловатан ҷарима ва ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Албатта, агар зиндонаш накунанд…