АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ҒАРБИ АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ҲАЗОР ГУЗАШТ (ВИДЕО)

Шумораи ҳалокшудагон бар асари чанд заминларзаи шадиди нимаи дуюми рӯзи шанбе, 7 октябри соли 2023 дар шимолуғарби Афғонистон ба 2 ҳазор нафар расид. Дар ин бора рӯзи 8 октябр сухангӯи “Аморати исломӣ”, ҳукумати ҷунбиши тундрави “Толибон”, ки феълан умури Афғонистонро дар даст дорад, хабар дод.  Ин офатҳои табии ахир, ки дар наздикии марз бо Эрон рух доданд, пурқурбонитарин заминларза дар Афғонистон дар ду даҳсолаи охир ба шумор мераванд.

Бино ба иттилои Хадамоти геологии Амрико, заминларзаи аввал бо иқтидори 6,3 балл соати тақрибан 13:57 ба вақти Кобул рух дода, марказаш тақрибан 40 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот рух додааст. Ҳирот  шаҳрест бо 700 ҳазор аҳолӣ дар ғарби Афғонистон, ки дар фосилаи 850 километр аз пойтахт, шаҳри Кобул ҷойгир шуда, баъди Кобулу Мазори Шариф сеюмин шаҳри бузурги Афғонистон ба шумор меравад. Баъди ним соат заминларзаи дуюм ва баъди ду соат, яъне соати 15:57 заминларзаи сеюм рух додааст.

Аз Ҳирот дар бораи хароб шудани биноҳо гузоришҳо ба даст мерасанд ва ба гуфтаи мудири бахши сиҳати оммаи Ҳирот Муҳаммадтолиби Шаҳид, “дар бораи дар шаҳри Ҳирот зери овор мондани мардум хабарҳо меоянд”. Вале бино ба хабарҳо, харобиҳои аз ҳама зиёд дар шаҳри Зиндаҷон, шаҳре бо 70 ҳазор аҳолӣ, ки дар фосилаи ҳамагӣ 30 километр аз маркази офатҳои табиӣ ҷойгир шудааст, ва деҳаҳои атрофи он ба амал омадааст.

Созмони Милал шоми шанбе, 7 октябр ҳалокати дастикам 320 нафарро бар асари заминларзаҳо дар Афғонистон тасдиқ кард, вале баъдан гуфт, ки шумораи қурбониён метавонад хеле бештар бошад, чунки амалиёти ҷустуҷӯи қурбониёни офати табиӣ ҳанӯз идома дорад.

Мақомоти Афғонистон низ мегӯянд, шумораи қурбониён дар ҳоли афзоиш аст, чунки бархе деҳаҳо тақрибан ба пуррагӣ хароб шудаанд, вале ба далели дурдасту дастнорас будани бархе аз ин деҳаҳо маълумот дар бораи шумораи қурбониён аз он ҷоҳо то ҳол ба марказ нарасидааст.

Мӯсо Ашғарӣ, намояндаи “Толибон” дар Ҳирот гуфт, бар асари офатҳои табиӣ дастикам 12 деҳа хароб шудаанд. Намояндаи идораи миллии мубориза бо офатҳои табии Афғонистон ба хабаргузории олмонии dpa гуфт, “дар бархе деҳаҳои офатзада то 1000 нафар ва ҳатто шумори аз ин ҳам бештари мардум ба сар мебурд. Дар умум дар он деҳаҳо то 300 хонавода ба сар мебурд. Аз он ҳама ягон 100 нафар зинда мондаанду халос”.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Афғонистон хабар дод, ки ба шаҳри офатзадаи Зиндаҷон 12 мошини “Ёрии таъҷилӣ” фиристодааст, ки ба интиқоли маҷруҳон ба бемористонҳо машғул хоҳанд шуд.

“Мо ҳамчунин ба бемористонҳо дорувор ва дигар маҳсулоти тиббӣ фиристодаем. Дар сурати зарурат, анбори мо барои қабули дорувори иловагӣ омода карда шудааст”, – хабар додаанд дар дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Афғонистон.

Имсол ҷаҳон шоҳиди чанд заминларзаи пурқурбонӣ шуд. Аз ҷумла 9 сентябри соли 2023 бар асари заминларзаи сангине дар Марокаш наздики 3 ҳазор нафар ҷон бохтанд. Аммо заминларзаи аз ҳамаи пурқурбонӣ 6 феврали соли ҷорӣ дар қаламрави Туркияву Сурия ба амал омад ва беш аз 50 ҳазор кушта ба ҷой гузошт.

Мощное землетрясение в Афганистане: погибли не менее 120 человек: 08  октября 2023, 08:11 - новости на Tengrinews.kz
Землетрясение в Афганистане: число жертв превысило 2000 человек
Землетрясение в Афганистане: известно о сотнях жертв - Korrespondent.net
Землетрясение в Афганистане стало причиной гибели тысяч человек › Статьи ›  47новостей из Ленинградской области
Афганистан - в результате землетрясения погибли 120 человек, около тысячи  ранены — УНИАН

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button