ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ХОК СУПУРДАНД

Субҳи 7 октябри соли 2023, соати 10:00 дар масҷиди Сурхи шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон маросими намози ҷанозаи пилоти тоҷики артиши Русия Хушбахт Турсунов доир шуд. Баъди намози ҷаноза Хушбахт Турсуновро дар орогоҳи маҳаллаи Қазоқон ба хок супурданд.

Хушбахт Турсунов моҳи август дар Украина кушта шуд.

Қабл аз маросим дафнаш, рӯзи 6 октябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия маросими видоъ бо Хушбахт Турсунов баргузор шуд. Дар он маросим ба писари 8-солаи пилоти кушташуда ордени “Мужество” (“Мардонагӣ”) супурда шуд. Хушбахт Турсуновро баъди маргаш бо ин орден қадрдонӣ карданд. Ҳарчанд бисёриҳо навиштанд, ки пилоти тоҷик сазовори унвони Қаҳрамони Русия буд.

Дар маросими видоъ дар Екатеринбург Фарзона, ҳамсари Хушбахт Турсунов гуфт: “Шавҳари ман як одам меҳрубони хоксор буд. Ҳеҷ гоҳ худро таҳриф намекард. Кори худро аз рӯи виҷдон анҷом медод, аҳли оилааш, бахусус писарашро хеле дӯст медошт. Худованд охираташро обод гардонад. Ман шахсан Максим Кузминовро намешиносам. Вале агар Максим ин корро карда бошад, ман умедворам, ки ӯро меёбанд ва мекушанд. Бигзор ӯ ҳам дар зиндагиаш азоб бикашад. Мисли азобе, ки мо барои ӯ шуда кашида истодаем”.

Дар Тоҷикистон аз хешовандони наздики Хушбахт яке хоҳараш боқӣ мондааст ва ҳам падари солхӯрдааш, ки маризи бистарист. Модари ӯ ду сол қабл вафот карда буд.

Тавре қаблан хабар додем, 9 августи соли 2023 фармондеҳи чархболи ҳарбии МИ-8 Максим Кузминов, ки Хушбахт Турсунова ва Никита Кирянов зери дасти ӯ хидмат мекарданд, чархболашро аз вилояти Курски Русия ба Украина бурда, ба мақомоти он кишвар таслим шуд. Кузминов барои ин кор аз он тараф ним миллион доллар ҷоиза гирифтааст.

Ӯ гуфта буд, ки аъзои экипажаш аз нақшаи ӯ хабар надоштанд ва аз таслим шудан саркашӣ карда, “пархошҷӯёна рафтор карданд” ва шояд онҳоро аз байн бурда бошанд. Сардори идораи ҷосусии ҳарбии Украина Кирилл Буданов баъдан тасдиқ кард, ки ду узви дигари чархболи рабудашуда муқовимат нишон доданд ва кушта шуданд.

Украина охири моҳи сентябр ҷасадҳои халабонҳои кушташудаи чархболи рабудашудаи МИ-8 Хушбахт Турсунови 35-сола ва Никита Кирянови 28-соларо дар чорчӯби даври навбатии табодули ҷасадҳо ва асирон баргардонд. Никита Киряновро дар зодгоҳаш, минтақаи Олтой (Алтай) ба хок супурданд.

Рӯзи 1 октябри соли 2023 дар мурдахона ё морги Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ дар шаҳри Ростови лаби Дон, ки ҷасадҳои аксари кушашудагон дар ҷанги Украинаро ба ҳамин морг меоранд, ҳама ташхисҳои тиббию додгоҳии ҷасади Хушбахт Турсунов низ анҷом гирифта, ҷасади ӯ аз ҷониби наздиконаш шиносоӣ шуд. Баъди ин ҷасади Хушбахт Турсуновро ба Екатеринбург, маҳалли зисти оилааш фиристоданд.

Фарзона, ҳамсари Хушбахт Турсунов дар мусоҳиба бо нашрияи русии “База” нақл кард, ки музокирот барои табодули ҷасадҳо бо Украина тақрибан якуним моҳ тӯл кашид. Гӯё ҷониби Украина барои ҳар ҷасад озод кардани ду асири украинӣ, яъне дар умум дар ивази ҷасадҳои штурман ва техники чархболи МИ-8 раҳо кардани 4 асирро талаб доштааст. Маълум нест, ки тавофуқи ниҳоӣ бар асоси кадом шарту шурут ба даст омадааст, вале ҷониби Украина дар ниҳоят ҷасадҳои ҳарду пилоти кушташударо ба Русия баргардонд.

Фарзона дар мусоҳибааш бо “База” сарусадоҳо дар бора аз ҷониби украиниҳо таҳқир шудани ҷасадҳо ва гӯё ҳатто буридани бинии Хушбахтро рад карда, гуфтааст, ҷасадҳо, албатта, вайрон шуда буданд, вале сабаби он метавонист шароити нодурусти нигоҳдориашон шуда бошад, на бадрафторӣ.

Хушбахт Турсунов хатмкардаи Омӯзишгоҳи оили ҳарбии халабонии Сизран (СВВАУЛ) буд. Баъди хатми омӯзишгоҳ ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва чанд муддат дар қисми чархболҳои Горди миллии Тоҷикистон хидмат кард. Вале ба гуфтаи ҳамхидматонаш, аз шароити кору хидмат дар Горди миллӣ чандон розӣ набуд ва ба ин далел, соли 2015 ба Русия кӯчид. Хушбахт дар инҷо чанд сол ҳамчун посбон кор кард, вале соли 2018 дар пайи ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати дифои ин кишвар қарордоди панҷсола баст ва дар як қисми чархболҳои ҳарбӣ дар шаҳри Черниговкаи кишвари Приморйе дар Шарқи дури Русия ба хидмат пардохт. Моҳи феврали соли 2022, дар пешорӯи шурӯи ҷанги зидди Украина қисми онҳоро аз Шарқи дур ба вилояти Курск, ба наздикии марз бо Украина интиқол доданд.

Хушбахт Турсунов дар муддати хидматаш дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ду нишони ҷангӣ: ордени “Мужество” (“Мардонагӣ”) ва медали “За отвагу” (“Барои шуҷоат”) сарфароз гардонида шудааст. Қарордоди ӯ моҳи ноябри соли 2023 ба поён мерасид, вале ҳамагӣ 3 моҳ пеш аз анҷоми қарордодаш кушта шуд…

Аз Хушбахт Турсунов як писар боқӣ монд, ки ҳамагӣ 8 сол дорад ва модараш ба ӯ гуфтааст, ки падараш қаҳрамонона ҳалок шуд. Аммо писараш ба марги Хушбахт то ҳол бовар намекунад.

 “Ҳеҷ бовараш намеояд. Ҳар шаб ба падараш занг мезанад, кӯшиш мекунад, ки тамос бигирад ва суҳбат кунад. Вале ин кор муяссараш намешавад ва ӯ навмедона ба гиря медарояд. Ҳамин тавр ашк дар чашм хобаш мебарад …” –  нақл кардааст Фарзона ба “База”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button