ВИДЕО+18: ЛАҲЗАИ КОРМАНДИ БДА-РО ЗЕР КАРДАНИ МОШИНИ РАҲГУЗАР БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОДААСТ

Дар ҳудуди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мошини раҳгузар, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, як корманди посгоҳи БДА-ро пахш кардааст. Лаҳзаи зери чархи мошин мондани корманди милитсия ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст.
Дар ин сабти кӯтоҳ, ки рӯзи 7 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, як корманди БДА дар посгоҳи воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе Бохтар бо мақсади манъ кардани кадом як мошин ё бо кадом мақсади дигар чӯбдаст дар дасташ мехоҳад аз роҳи мошин убур кунад. Ӯ бо чӯбдасташ ба мошинҳое, ки бо шаст меомаданд, ишора карда, аз мошине, ки бо хатти якум ҳаракат мекард, бидуни мамониат мегузарад, вале ронандаи мошине, ки бо хатти дуюм ва бо суръати баланд меомад, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ баромада наметавонад ва корманди БДА-ро бо шаст зер мекунад.
Дар натиҷаи бархӯрд, тавре дар навор дида мешавад, корманди БДА ба ҳаво парида, сипас дар рӯи роҳ меафтад. Баъди ин дида мешавад, ки дигар кормандони посгоҳ бо шитоб ба кумаки ҳамкори худ медаванд ва чанд мошини раҳгузар низ манъ мекунад ва аз дохилашон ронандаву мусофирон берун шуда, ба назди корманди ҷароҳатбардоштаи БДА мешитобанд.
ВКД ва БДА ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Дар бораи вазъи саломатии ин корманд ва инки оё ронандаи гунаҳкор дастгир шуд ё на?, хабаре то ин соат нашр нашудааст.