Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

БОЗ 43 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС КАРДА ШУД

Девони вазирони Қирғизистон ва хабаргузории миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” рӯзи 8 октябри соли 2023 бо нашри матнҳои ҳамсон хабар доданд, ки Тоҷикистону Қирғизистон боз 43 километру 320 метри марзи умумии байни ин ду кишварро мушаххас кардаанд.

Дар иттилоияи расмӣ чунин гуфта мешавад:

 “Бар асоси тавофуқи бадастомада аз 3 то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои топографӣ ва гуруҳҳои корӣ оид ба масоили ҳуқуқии ҳайъатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тахйин ва аломатгузории марзи давлатӣ доир шуд.

Гуруҳҳои топографӣ 43,32 километр марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро мушаххас карданд.

Тарафҳо корро барои таъйини қитъаҳои боқимондаи марз дар мулоқоти оянда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, идома хоҳанд дод.

Пиромуни натиҷаҳои мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд”.

Тафсилоти дигари тавофуқоти бадастомада нашр нашудааст. Маълум нест, ки ин 43 километри дар нишасти Бодканд мувофиқатшуда марбут ба кадом қитъаҳо аз беш аз 300 километр қитъаҳои баҳсии боқимонда дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст?

Мулоқоти гуруҳҳои топографию ҳуқуқӣ дар Бодканд билофосила баъди мулоқоти сарони ҳайъатҳои ҳукуматӣ дар музокироти марзӣ раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шуд. Дар анҷоми мулоқоти Ятимов ва Тошиев, ки рӯзи 2 октябр дар Бодканд доир шуд, протоколи №44 ба имзо расид. Матни ин протокол дар ягон ҷо нашр нашудааст, вале ҳам Тошиев ва ҳам Ятимов изҳор доштанд, ки ин санад роҳро ба сӯи ҳалли ниҳоии мушкилоти марзии ду кишвар боз мекунад.

Бархе расонаҳои қирғизии наздик ба Тошиев иддао карданд, ки гӯё Тоҷикистон дар ҷараёни ин даври музокирот аз даъвоҳои қаблии худ дар масъалаи марз даст кашидааст.  Душанбе то ҳол ин иддаоҳо дар бораи гӯё аз даъвои заминҳояш даст кашидани Душанберо ягон шарҳе надодааст.

Вале Паймони миллӣ, як эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик рӯзи 4 октябр аз ҳукумат хост, ки  дар ҷараёни музокирот бо Қирғизистон ҷамоати Ворухро ҳамчун анклав набояд бипазирад. Ин созмон аз кадом манбаъ гирифтани хабари гӯё дар музокироти ахир бо Қирғизистон баррасӣ шудани мақоми Ворухро шарҳ надод.

Ҳамин тавр,  баъди мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар сегменти қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он иддао мешуд, ки гӯё бар асоси тавофуқоти марзӣ, ҷониби Қирғизистон заминеро, ки дар он мазори Кучлукхон, ё Олтинмазор ҷойгир шудааст, ба Тоҷикистон додааст.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон инро рад кард ва гуфт: “Нирӯҳои манфиатдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар расонаҳо пиромуни гӯё ба ҷониби Тоҷикистон додани заминҳои Қирғизистон маъракаи ҳадафмандонаро бо мақсади беорӯ кардани мақомоти давлатӣ ба  роҳ андохтаанд.  Маълумоти нашркардаи корбарони харобкор асос надорад. Ба ин далел, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба чунин иғвоҳо дода нашаванж. Ҳамчунин аз аҳли ҷомиа хоста мешавад, ки танҳо ба маълумоти расмии ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷуҳ кунанд!”

Ёдовар мешавем, бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button