ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАМЛАИ ГУРУҲИ ҲАМОС БА ИСРОИЛ: ДАҲҲО КУШТАВУ ЗАХМӢ ДАР СОАТҲОИ АВВАЛИ ҶАНГ

Субҳи 7- уми октябри соли 2023, гурӯҳи тундрави фаластинии ҲАМОС, ки назорати навори Ғаза, яке аз қисматҳои сарзаминҳои фаластииниро дар даст дорад,  аз партоби 5 ҳазор мушак ба хоки Исроил хабар дод. Бино ба навиштаи СNN бонги хабар қариб дар ҳамаи шаҳрҳои бузург Исроил, ба шумули Тел-Авив ва Иеруслалим садо дод. Як фармондеҳи низомии ин гурӯҳ бо номи Муҳаммад Зайф ба телевизиони амрикоии CNN гуфтааст, ки “мушакҳо ба сӯи мавозеи душман, фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомӣ равона карда шудаанд”.

Ба гуфтаи ин намояндаи ҲАМОС, онҳо ба ин амалиёт “Тӯфони Қудс” ном гузоштаанд. Хабарҳо ва видеоҳои нашршуда ҳокист, ки ҷангҷӯёни ҲАМОС рӯзи 7 октябр вориди чандин шаҳру нуқтаҳои аҳолинишини Исроил дар манотиқи ҳаммарз бо сарзаминҳои фаластинӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол вазири мудофиаи Исроил Йоав Галлант низ тасдиқ намуд, ки ин ниҳод наздик ба 2200 зарбаи мушакиро дар хоки кишвараш ба қайд гирифтааст.

Нашрияи Times Of Israel бо такя ба манобеи худ аз вазорати тандурустии Исроил хабар дод, ки то соати 2 зуҳр 40 нафар кушта ва 740 нафар захмӣ ба қайд гирифта шудааст. Хабаргузории Reuters менависад, ки вазъияти 70 тан аз маҷрӯҳон вазнин буда, шояд миқдори талафоти ҷонӣ боз ҳам биафзояд.

Бино ба гуфтаи вазири мудофиаи Исроил, ҳамчунин дар баробари мушакборон гардидани хоки ин кишвар нерӯҳои ҲАМОС вориди марзҳои Исроил шудаанд. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки чӣ миқдор аз нерӯҳои ҲАМОС марзи ин кишварро убур кардаанд?

Дар навбати худ нашрияи Кan хабар дод, ки гурӯҳи ҲАМОС бунгоҳи марзии “Эретс”-ро таҳти тасарруфи худ дароварда, баъдан бинои пулиси шаҳри Сдеротро низ ғасб намудааст.

Ҳамчунин бино ба гуфтаи ин расона, сардори ситоди минтақавии ҳавзаи Шомили Исроил Шаар ха-Негев зимни муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҲАМОС кушта шудааст.

Иловаи бар ин, сокинони наздимарзӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки нерӯҳои ҲАМОС шуморе аз сокинони мулкиро низ ба асорат гирифтаанд.

Дар видеоҳои нашршуда дар кӯчаҳо ҷасадҳои кушташудагон дида мешаванд. Дар байни онҳо ҳам низомиён ва ҳам онҳое, ки дар тан либоси мулкӣ доранд, ҳастанд.

Jerusalem Post менависад, ки ҳукумати Исроил ба сокинони наздимарзӣ тавсия додаанд, ки хонаҳои худро тарк накунанд. Ҳамчунин ин манбаъ афзудааст, ки артиши Исроил аз омодагӣ ба ҷанг бо ҲАМОС хабар додааст.

Сарвари Исроил Бинямин Нетаняҳу дар суханронии худ ба сокинони Исроил гуфт, ки “мо дар ҳолати ҷанг қарор дорем, на дар амалиёти низомӣ. Аз ин рӯ, ман ба нерӯҳоямон амр додам, ки пеш аз ҳама хоки моро аз террористон озод кунанд”.

Президенти Фаластин, Маҳмуд Аббос ба навбати худ таъкид намудааст, ки “мардуми Фаластин низ ҳаққи дифоъ аз таҷовузи Исроилро доранд”.

Артиши Исроил низ пас аз соате ба навори Ғаза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Бино ба навиштаи сомонаи хабарии фаластинии WAFA дар ҷараёни ин ҳамлаҳо 161  тан ба ҳалокат расида, 931 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи фармондеҳи низомии ҲАМОС, онҳо 5000 мушакро дар тӯли 20 дақиқа ба схи Исроил шиллик кардаанд. Ҳамчунин ӯ аз дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи дар Лубнон қарордошта хостааст, то ба онҳо дар ин ҷанг бар зидди Исроил  бипайванданд.

Ҳамчунин гурӯҳи ҲАМОС тасдиқ кардааст, ки дасти кам 35 низомии исроилиро асир гирифта ба навори Ғаза интиқол додаанд, ки дар байни онҳо генерал-майори исроилӣ Нимрод Алонӣ низ ҳаст. Вале то ба ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст.

Кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Ҳолланд ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро маҳкум карданд. Аммо Туркия ва Миср ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намудаанд. Арабистони Саудӣ бошад хостори фавран қатъи ҳамагуна амалиёт шуд. Вале Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамлаи ҲАМОС ҳимоят кардааст. Мушовири низомии Алӣ Хоманаӣ, Яҳё Раҳим гуфтааст, ки “мо аз амалиёти ғурурофарини “Тӯфони Қудс” ҳимоят мекунем”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button