Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ 6 СОАТ ДАР 3 САДАМА ДАР АШТУ ЁВОНУ ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 6 соат: аз соати ҳафти шоми 5 октябр то соати яки шаби  6 октябр дар 3 садамаи нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 2 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин се садама дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт, дар ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон ва ҷамоати ба номи Айнии ноҳияи Хуросон рух додаанд.

Аз ҷумла 5-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай- Портер», Қодиров Рустамҷон Сулаймонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Шодоба ба самти деҳаи Марҳамат, дар ҳудуди деҳаи Гулшан ба дучархаи “Скутер” таҳти идораи, Ҷӯраев Асатбек Давронович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Скутер” Ҷӯраев А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 6-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Ҳасанов Муродалӣ Сафарбекович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур, Шамаев Аҳлиддин Шералиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шаби 6-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Камри”, Муродалиев Муҳаммад Субҳонқулович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматӣ бархӯрда, мошинро чаппа кардааст.Дар натиҷа, худи ронанда, Муродалиев М.С. ва мусофираш Холмӯминов Фаррух Умарович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари мошини мазкур, Чориев Амонулло Урозович, соли таваллудаш 1990 ва Муродалиев Ёқуб Қудратович, соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button