Хабарҳои кӯтоҳ

44 САР ЧОРВОРО ГИРИФТУ ПУЛАШРО НАДОД: МОҶАРОИ ЯК ЧӮПОН БО ЯК СОКИНИ ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ба маблағи бузург дар Истаравшан хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД,  нисбат ба марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан  бар асоси моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ оғоз карда шудааст. Ин ҷавон ба он айбдор мешавад, ки моҳи сентябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии сокини 29-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, 44 сар чорвои майдаи шохдори ӯро ба маблағи умумии 62 ҳазору 300 сомонӣ ғайринақдӣ ҳисоб карда, гирифта, фурӯхтааст, вале пули марди чорводорро барнагардонда, онро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Марди дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ, бахусус мавридҳои фиреб ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ хеле зиёд шудааст. Афроди қалбдаст мардуми зудбоварро бо ҳар роҳу ҳар баҳона: ё бо ваъдаи дар фурсати кӯтоҳ баргардондани пулашон, ё бо ваъдаи гирифта додани замин ё хона, ё бо ваъдаи фиристодан ба Ҳаҷ ва ҳатто ваъдаи табобат фиреб дода, пулҳояшро аз худ мекунанд.

Бино ба омори ВКД,  дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 1491 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин қариб 13 фоиз аз ҷамъи 11 ҳазору 612 ҷинояти дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳад. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди қаллобӣ ошкор шуда буд.

Ба ҳисоби миёна ҳар ҷинояти ҳаштум дар Тоҷикистон ин қаллобист. Аз он бештар танҳо дуздист, ки қариб панҷяки ҷамъи ҷиноятҳоро дар кишвар ташкил медиҳад.

Ва аммо омори расмии ВКД тамоми мавридҳои мавҷудаи мардумфиребиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми фиребхӯрда даводав ба мақомот барои рӯёндани маблағҳои аздастдодаи худро беҳуда дониста ба мақомот муроҷиат намекунанд ваё то охирин лаҳза қаллобон онҳоро умедвор мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ пулашонро бармегардонанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мақомот ба хотири зиёд нашудани мавридҳои сабтшудаи қаллобӣ ваё дар сурати пуштибонҳои қавиву пурнуфуз доштани афроди муттаҳам ба қаллобӣ аз пазируфтан ва сабт кардани аризаҳои ҷабрдидагон саркашӣ мекунанд.

Акс аз бойгонӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button