ВарзишВидео

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ САЗОВОРИ НИШОНИ БИРИНҶИИ ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН ШУД (ВИДЕО)

Паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Абубакр Шеров рӯзи 5 октябри соли 2023, дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) миёни ҷавонон дар шаҳри Одивелаши Португалия дар вазни то 73 кг соҳиби нишони биринҷӣ шуд.. Ин аввалин медали Абубакр Шеров дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон аст.

Бино ба иттилои Варзиш ТВ, Абубакр Шеров дар масири расидан ба нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон аз садди роҳ дар даври аввал паҳлавони амрикоӣ Руслан Коротич, дар даври дуюм Габриел Фалкао аз Бразилия, дар даври сеюм Гергели Адорҷанӣ аз Маҷористонро мағлуб карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Алмат Адилет (Олмат Адолат) аз Қазоқистон мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.

Дар даври тасаллобахш Абубакр бар Элиот Преве аз Фаронса зафар ёфта, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Кейто Киҳара аз Ҷопонро шикаст дод ва нишони биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд.

Ғолибони вазни -73 кг

1.Вусал Қаландарзода (Озарбойҷон)

2.Ҷак Ёнезука (Амрико)

3.Абубакр Шеров (Тоҷикистон)

3.Муҳаммад Газалоев (Белгия)

Дар ин рӯзи мусобиқот гуштингири дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев, ки низ дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард, то ба даври ҳаштякниҳоӣ расид. Дар даври аввал Муҳиддин бар Абдулло Алиеви қирғиз, дар даври дуюм бар Рикардо Гуерраи мексикоӣ ғалаба карда, дар даври сеюм аз Ҷак Ёнезука аз Амрико ноком шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқаҳо паҳлавони ҷавони тоҷик Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг баромад карда, дар даври аввал бо 2 имтиёзи вазарӣ аз Энхтур Ҷугдергарави муғул шикаст хӯрд.

Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо миёни ҷавонон дар шаҳри Одивелаши Португалия рӯзи 4 октябр оғоз ёфт ва то 7 октябр давом мекунад. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Тоҷикистонро дар Португалия 9 паҳлавони ҷавон намояндагӣ мекунанд:

-66 кг – Садриддинзода Фазлиддин

-73 кг – Шеров Абубакр

-73 кг – Асадуллоев Муҳиддин

-81 кг – Абдуҷалилов Муҳаммадҷон

-81 кг – Сайфиддинзода Сайфиддин

-90 кг – Кишваров Сомон

-90 кг – Раҷабов Умедҷон

-100 кг – Абдураҳмонов Парвиз

+100 кг – Элмуродов Иброҳимҷон

Дар умум дар қаҳрамонии ҷаҳон 541 варзишгар (294 мард ва 247 зан) аз 68 кишвар иштирок мекунанд.

То кунун паҳлавонони тоҷик ду маротиба дар чемпионатҳои ҷаҳон байни ҷавонон сазовори медалҳои тилло шудаанд. Нахустин медали тилоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило соли соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд. Соли 2022  Нуралӣ Эмомалӣ дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар шаҳри Гуаякили Эквадор дар вазни то 66 кило соҳиби медали тилло ва 2 ҳазор доллар ҷоиза шуд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Эмомалии Нуралӣ барои ин комёбиаш як манзили нав туҳфа кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button