АфғонистонВидеоҲодиса

ЯК ҲАМШИРАИ ТИББӢ АЗ ХОВАЛИНГ ҲАНГОМИ ПУХТУПАЗИ НАШЪА БА ДАСТ АФТОДААСТ (ВИДЕО)

Маркази робита бо ҷомиаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи нашъаҷаллобон, аз ҷумла3 узви як оила аз ноҳияи Ховалинг, хабар дод. Дар байни ин се узви як оила як зан низ ҳаст, ки дар беморхонаи ноҳияи Ховалинг ҳамчун ҳамшираи тиббӣ кор мекард ва дар шабакаи нашъаҷаллобон вазифаи пухтан ва барои фурӯш тайёр кардани маводи мухаддирро бар дӯш доштааст. Аз вай 8 бастаи афюн, иборат аз қариб 8 кило ёфт ва мусодира шудааст.

Маълум гардид, ки ин занро шавҳараш ба ин амали ҷиноӣ ҷалб кардааст ва маводи мухаддиреро, ки ӯ омода мекард, додари шавҳараш ба фурӯш мезадааст.

Аъзои ин гуруҳи нашъаҷаллоб рӯзи 10 сентябр дар ҷараёни як амалиёт аз ҷониби кормандони раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дастгир карда шудаанд.

Бино ба гузорише, ки маркази робита бо ҷомиаи КДАМ тавассути ТВ “Ҷаҳоннамо” нашр кард, ҳангоми кофтукоб аз хонаи шаҳрванд Тоирова Гулистон Ҳалимовна, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи 8 Марти ҷамоати шаҳраки Ховалинг, ҳамшираи тиббии Маркази саломатии ноҳияи Ховалинг, 8 бастаи селофанпечи иборат аз тақрибан 8 кило афюн мусодира кардаанд.

“Дар ҷараёни тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки Гулистон Тоирова маводи мухаддирро аз шавҳараш Нуров Суҳроб Саидаҳрорович, соли таваллудаш 1970, сокини маҳаллаи 8 Март дастрас карда, дар шароити хонаашон онро бо роҳи ҷӯшонидан коркард мекард. Сипас маводи нашъадори коркардшударо тавассути бародари ҳамсараш Нуров Нуралӣ, соли таваллудаш 1979, дар ҳудуди ноҳия мефурӯхтааст”, – гуфта мешавад дар гузориши КДАМ.

Тафтишот муайян кардааст, ки Суҳроб Нуров ин 8 кило афюнро бо нархи 12 ҳазор сомонӣ барои ҳар килояш аз Суннатуло Сироҷов, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Ёли ҷамоати ба номи Муҳиддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин харидааст. Деҳаи Ёл дар кӯҳистони Даштиҷум дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст ва Сироҷов бо қочоқбарони афғон дер боз робита дошта, аз онҳо навъҳои гуногуни маводи мухаддирро дарёфт мекардааст. Ин 8 кило афюнро барои Сироҷов аз як пинҳонгоҳ дар марзи Даштиҷум бо Афғонистон як хешованди дигари ӯ  Ҳамидулло Шарипов гирифта, то ба Душанбе овардааст. Сироҷов барои ин ба Шарипов 8 ҳазор сомонӣ ҳаққи хидмат додааст. Сипас Суҳроб Нуров ин 8 кило афюнро гирифта, ба Ховалинг бурдааст ва ба ҳамсараш додааст, ки аз нав бипазад. Гулистон Тоирова дар гузориши нашршуда гуфт, ки тарзи пухтани афюнро ба ӯ шавҳараш ёд дод.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

 Бино ба омори Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ қариб 2,5 тонна, дақиқтараш 2 тоннаю 476,7 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 391 ҷинояти марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир ошкор карда шудааст.

Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, тақрибан чоряки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button