ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

6-7 ОКТЯБР ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ЯКБОРА САРД ШУДА, ДАР ВОДИҲО БОРОН, ДАР КӮҲҲО БАРФ МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 октябри соли 2023 дар водиҳои ҷумҳурӣ боришоти шадид пешбинӣ шуда, ба эҳтимоли ғолиб ин боришот шаби 6 ба 7 октябр дар минтақаҳои баландтар аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ба барфрезӣ хоҳад печид. Дар аксари ноҳияҳои тобеи марз боронҳои шадид, жола ва раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Дар бархе ноҳияҳо вазидани шамоли сахти тӯфонӣ бо суръати 15-20 метр/сония низ пешбинӣ карда мешавад.

Бино ба пешбинии Агентии ҳавошиносӣ, ҳарорати ҳаво рӯзона аз 8 до 10 дараҷа тибқи ҷадвали Тселсий пойин мефарояд ва суръати шамол баракс то ба ҳадди 13-18 метр/сония афзоиш хоҳад ёфт. Рӯзҳои 6-7 октябр дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони Тоҷикистон фурӯ омадани селҳо низ пешбинӣ карда мешавад. Бар асари боришоти шадид сатҳи об дар дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯи ҷанубӣ ва ҳамчунин дар дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, метавонад боло равад.

Ба далели боришоти шадид рух додани чунин ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимол дур нест:

—эҳтимоли афзоиши садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳдоман ва кӯҳистон, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт бар асари хароб шудани пулҳо ва роҳҳоро зер кардани сел.

—эҳтимоли зери оби борон мондани нуқтаҳои аҳолинишин дар сурати тоза накардани каналҳои селпарто ва дуруст кор накардани шабакаи заҳбурҳо.

—эҳтимоли бар асари фурӯрезии селҳо зери об мондани роҳҳо, боло рафтани сатҳи об дар дарёчаҳо, зери об мондани заминҳои кишт, ҳавлиҳо ва иншооте, ки дар пастӣ сохта шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хотири ҳимояти хубтари хонаву ҳавлиҳо аз асароти сел, аз сокинон хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯю каналҳоро дар атрофи хонаҳои худ тоза кунанд.

Ҳамчунин бар асари бад шудани обу ҳаво метавонанд хатҳои интиқоли барқ, боми хонаҳо ва баннерҳои тарғиоботӣ канда шуда, дарахтон чаппа шаванд. Ба ин далел аз сокинон хоста шудааст, ки дар кӯча аз хатҳои барқ, дарахтор ва баннерҳо дуртар биистанд.

Кумита ҳамчунин аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостаст, ки чораҳои амниятиро ҷиддан риоя карда, дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳҳо, ба ҷамъоварии ҳезум ва маҳсулоти дигаре, ки дар кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Обуҳавои бад дар ин рӯзҳо чаронидани чорво ва нигоҳ доштани чорворо дар чарогоҳҳо низ метавонад хеле мушкил кунад.

Кумита аз ҳама хостааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳистон аз эҳтиёт кор гирифта, васоили нақлиётии худро барои чунин сафарҳо омода кунанд ва ҳадалимкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд.

Дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ваё бо рақамҳои (+992) 93 880 28 19, (+992) 37 223 13 11 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар диҳед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button