ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДОДАНИ ЗАМИНИ МАЗОРИ КУЧЛУКХОНРО РАД КАРД

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 4 октябри соли 2023 дар як изҳороти вижа сарусадоҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё ба Тоҷикистон додани заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯшро рад. Ин ноҳия бо ноҳияи аксаран қирғизнишини Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он иддао мешуд, ки гӯё бар асоси тавофуқоти марзӣ, ҷониби Қирғизистон заминеро, ки дар он мазори Кучлукхон, ё Олтинмазор ҷойгир шудааст, ба Тоҷикистон додааст. Ин мазор дар наздикии марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Аммо Кумитаи амнияти Қирғизистон дар изҳороташро инро рад кард ва гуфт: “Нирӯҳои манфиатдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар расонаҳо пиромуни гӯё ба ҷониби Тоҷикистон додани заминҳои Қирғизистон маъракаи ҳадафмандонаро бо мақсади беорӯ кардани мақомоти давлатӣ ба  роҳ андохтаанд.  Маълумоти нашркардаи корбарони харобкор асос надорад. Ба ин далел, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба чунин иғвоҳо дода нашаванж. Ҳамчунин аз аҳли ҷомиа хоста мешавад, ки танҳо ба маълумоти расмии ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷуҳ кунанд!”

Ёдовар мешавем, рӯзи 2 октябр дар Бодканд даври навбатии музокироти марзии ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд. Дар анҷоми он санаде бо номи “протоколи №44” ба имзо расид. Раҳбарони кумитаҳои амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, ки раҳбарии ҳайъатҳоро дар музокироти Бодканд бар дӯш доштанд, изҳор карданд, ки ин санад роҳро ба сӯи ҳалли ниҳоии мушкилоти марзии ду кишвар боз мекунад.

Матни протоколи имзошуда чоп нашудааст ва ин дар ҳарду тарафи марз боиси ба вуҷуд омадани сарусадоҳои гуногун пиромуни гузаштҳои эҳтимолии тарафайн  шудааст.

Паймони миллӣ, як эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик низ рӯзи 4 октябр аз ҳукумат хост, ки  дар ҷараёни музокирот бо Қирғизистон ҷамоати Ворухро ҳамчун анклав набояд бипазирад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button