ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Субҳи 30 сентябри соли 2023, тақрибан соати 11 шоҳидони ҳодиса ба пулиси ноҳияи Всеволожски вилояти Ленингради Русия занг зада, дар бораи занозании гуруҳӣ дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Шоссеи деҳаи Лаврики хабар додаанд. Лаврики дар ҳамагӣ 4-километрии шимоли шаҳри Мурино ва канораҳо шимолии шаҳри  Санкт-Петербург ва дар фосилаи ҳамагӣ 20 километр аз маркази Петербург ҷойгир шудааст.

Шоҳидон гуфтаанд, ки дар ин майдони сохтмонӣ коргарон аз Тоҷикистон аз гиребони якдигар гирифтаанд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Мойка78”, “коргарони ҷавон дар ҷои кори худ — дар майдони сохтмонӣ дар Мурино “разбор” карда, муноқишаи бархостаро бо кумаки мушту лагат ҳал карданӣ шудаанд. Шоҳидон дар ин бора ба пулис хабар додаанд, вале иштирокчиёни занозанӣ ҳанӯз то омадани пулис аз онҷо фирор кардаанд”.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса танҳо 3 шаҳрванди Тоҷикистон: акаву додари синнашон 21 ва 18 ва боз як ҳамватани ҳамагӣ 17-солаи онҳоро дастгир кардаанд. Вале баъди бозпурсӣ онҳоро ҳамчун шоҳид гузаронда, ҷавоб додаанд, чунки ин 3 нафар дар занозанӣ иштирок надоштаанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва сабаби занозании байни муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз маълум нест. Ҳоло пулиси ноҳияи Всеволожск ба таҳқиқи ин қазия машғул аст. Ба иштирокчиёни занозанӣ, дар сурати ба даст афтоданашон, ҳам ҷарима ва ҳам ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Занозаниҳо байни муҳоҷирон чанд сол боз мояи нигаронии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Занозании аз ҳама бузург дар ин авохир 23 июни соли 2023 дар кони гази Ковиктаи ширкати “Газпром” дар ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар рух дод. Гуфта мешуд, ки муҳоҷирони қирғизу тоҷик бар сари инки кадоми онҳо бояд аввали хӯрок бихӯрад, ба ифоқа омада натавонистаанд. Дар пайи ин занозанӣ 9 муҳоҷирро дар бемористон бистарӣ карданд.

31 июли соли 2023 дар ҷараёни занозании зодагони ду минтақаи Тоҷикистон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду зодаи ноҳияи Файзобод кушта шуда, 4 нафар аз тарафи муқобил боздошт шуда ва ду бародарро, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button