ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ЧИРО ҲАЛ КАРДАНД? ЧАРО “ПРОТОКОЛИ 44” НАШР НАШУД?

Рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сардории раисони Кумитаҳои амнияти миллии ҳарду кишвар дар мавриди аломатгузории марз дидор карданд.

Ин нахустин музокироти масоили марз байни Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи изҳороти Тошиев буд, ки рӯзи 15-ум даъво карда буд, ки гӯё ҷониби Қирғизистон далелҳои нав дар мавриди марзи ду кишвар пайдо кардааст ва агар Тоҷикистон аз даъвоҳои худ даст накашад, Бишкек низ ҷавобан ҳуҷҷатҳо ва далелҳои худро дар байн хоҳад кашид. Тошиев таҳдид  ҳам карда буд, ки “барои ин нерӯ ва имкони кофӣ дорем”.

Ин гуфтаҳои Қамчибек дар он тарафи марз хашми ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба бор овард ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистонро ба вазорат эҳзор карда, эътироз карда буд, ки “чунин баёнияҳо ба эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ хоҳад расонд ва дар мавриди ҳамкориҳо дар робита ба аломатгузории марз низ халал ворид мекунанд”.

Ҷаноби Ятимов зимни изҳороти матбуотии худ, афзуд, ки ҷонибҳо “Протоколи 44”-ро имзо кардаанд. Бино ба гуфтаи ин мансабдори тоҷик, “иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала ва мушкилоте, ки пештар сабаби низоъҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гардида буданд, ҳал мекунад”.

Дар навбати худ Тошиев ҳам гуфт, ки “ин протокол асос мешавад, ҳама гуна масоили марзиро ҳал кунем”.

Ҷолиб он аст, ки баъзе аз расонаҳои Қирғизистон “аз нуқта гузоштани масоили марзӣ бо Тоҷикистон” хабар доданд ва онро “дастоварди раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев” ба қалам доданд.

Бино ба иттилои манбаи сомонаи “Вечерний Бишкек”, гӯё “Тоҷикистон аз даъвоҳои марзии худ, ки тӯли 30 соли ахир пофишорӣ мекард, даст кашид”. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ё Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди  ин иддаои гӯё “даст кашидани Тоҷикистон аз даъвоҳои 30-солааш” ҳанӯз вокунише накардаанд.

Собиқ сардори шӯъбаи иттилооти сиёсии дастгоҳи президенти Қирғизистон ва нафари хеле наздик ба Қамчибек Тошиев имзои ин протоколро “ҳодисаи таърихӣ” номид.

Шояд ин марбут ба он бошад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон пештар мувофиқа карда буданд, ки шарту ҳалли баҳсҳои марзиро расонаӣ намекунад ва бо матбуот ҳам сӯҳбат нахоҳанд намуд.

То ба ҳол аз муҳтавои “Протоколи 44” чизе расонаӣ нашудааст. Ҳам вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати вилоят Суғд танҳо ҳамин қадар хабар додаанд, ки раисони ниҳодҳои амниятии ду кишвар санадеро ба имзо расонидаанд.

Девони вазирони Қирғизистон низ аз имзои протоколе хабар додааст, вале то ба ҳол мӯҳтавои онро шарҳ надодааст. “Зимни вохӯрӣ тарафҳо таъкид бар он намуданд, ки бояд дар минтақаҳои марзӣ, фазои дӯстӣ ва боварии аҳолии таҳҷоӣ ба якдигар ҳукмфармо гардад”, омадааст дар хабари девони вазирони Қирғизистон.

Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 972 километр марзи муштарак доранд, ки то ба ҳол танҳо чизе бештар аз 600 километри он пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Махсусан дар минтақаҳои марзии байни вилоятҳои Суғду Бодканд таи чанд соли ахир зуд-зуд муноқишаҳои марзӣ байни шаҳрвандон ва низомиёни ин ду кишвар сурат мегирд.

Танҳо дар задухӯрди марзӣ байни неруҳои қирғиз ва тоҷик, ки санаи 14-17 сентябри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, аз тарафи Қирғизистон 63 кушта ва 206 захмӣ гузашт.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон хабар дод, ки аз тарафи онҳо 41 кушта ва 20 захмӣ ба қайд гирифта шудааст. Вале матбуоти мустақил бо далел нишон доданд, ки Тоҷикистон дар ин задухӯрд дастикам 83 кушта додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуяд:

    Моҳи апрели соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара гуфта буд: Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики Академияи Олии илмҳо гуяд:

    Ба назари банда, ҳодисаҳои охири Қарабоғи Кӯҳӣ дар Озарбойҷон мақомоти қирғизро ба истилоҳ “шерак” мекунад (ҷуръаташро бештар мекунад). Яъне, чаро Озарбойҷон як “ҷумҳурӣ”-ро бозпас гирифта тавонист, мо як “ҷамоат”-ро азхуд карда наметавонем?!
    Инҷо Ҳукумати “ватандӯст”-и Тоҷикистон аз ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон, ки аҳолияш тоҷикнишин аст, “шарм” медорад, вагарна шакке нест, ки ҷамоати Ворухро кайҳо ба қирғиз таслим карда буд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button