ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ҶАСАДИ ПАДАРРО БАЪДИ 35 РӮЗ ЁФТАНД, ҶУСТУҶӮИ ПИСАРАШ ТО ҲОЛ ИДОМА ДОРАД…

Рӯзи 1 октябри соли 2023, баъди 35 рӯзи ҷустуҷӯҳо, ҷанозаи Ҳоҷӣ Баҳовиддин Ҳайдаров, сокини 49-солаи деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакентро аз дарёи Зарафшон дар канори деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ пайдо карда, аз об берун кашидаанд. Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ҷанозаи Ҳоҷӣ Баҳовиддинро шоми 1 октябр ба деҳа оварданд ва субҳи душанбе, 2 октябр ба хок супурданд.

Ҷустуҷӯи писари 26-солаи ӯ Аловиддин Ҳайдаров ҳамчунон идома дорад.

Ёдовар мешавем, Баҳовиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1974 ва писари ӯ Аловиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки  рӯзи 27 августи соли 2023  бо мошини “Тойота Ленд Крузер”, рақамаш 2222,  аз шаҳри Хуҷанд ба тарафи пойтахт сафар мекарданд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе бедарак шуданд.

Ин ҳодиса дар рӯзе рух дод, ки бисёре аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла манотиқе, ки шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе тавассути онҳо мегузарад, ба селу боронгарии шадид рӯбарӯ шуда буд. Бар асари ин селу боришот беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Сокинони Моғиён аз рӯзи аввали бедарак шудани ин ду ҳамдеҳаашон бо ташкили як гуруҳи бузурги иборат аз тақрибан 60 нафар ба ҷустуҷӯи онҳо пардохта, асосан соҳили дарёҳои Зарафшону Фонро ҷустуҷӯ доштанд. Чунки аз ҳамон аввал як фарзияи асосӣ эҳтимоли бо мошинашон аз роҳ ба ҷарӣ сарозер шудани дар дарё ғарқ шудани падару писар буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button