ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

АЗ ТОҶИКҲОИ ХУДАШОН ПУЛ МЕКАНДАНД… ПАРВАНДАИ 4 “МАФИОЗИ ТОҶИК” ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 октябри соли 2023 дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон – аъзои гуруҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки вобасташ ба нақши ҳар кадомаш бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи 126, қисми дуюми моддаи 162, қисми сеюми моддаи 163 ва қисми сеюми моддаи 158 ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт Петербург ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва  соати ӯро, ки арзишашон тақрибан 34 ҳазор рублро ташкил медод, бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Одамрабоён ҳамчунин тавассути телефон аз суратҳисоби гаравгон 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд.

Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо як миллион рубл надиҳад ва худро аз “шармандагӣ” халос накунад, дар борааш маълумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино ба кӯчаи 10-уми Красноармейская дар як гӯшаи дигар дар қисмати шимолии Петербург овардаанд. Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

“Мафиозҳои тоҷик” ба аъмоли ҷиноии худ идома дода, рӯзи 7 ноябри соли 2022 се нафари онҳо дар хиёбони Кайҳоннавардон, ки дар паҳлуи хиёбони Дунай дар ҷануби Петербург ҷойгир шудааст, боз як зодаи Осиёи Марказиро таҳдид карда, 49,5 ҳазор рублашро кашида гирифтаанд.

Худи айбдоршавандагон ваё наздикону адвокатҳояшон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале як сол пеш ҳангоми боздошташон яке аз онҳо эътироф карда буд, ки ҳамватани худро бо чунин шакл “ҷазо” додаанд. Вале ӯ шарҳ надода буд, ки он зодаи дигари Тоҷикистон чӣ “гуноҳ” карда буд, ки ӯро гаравгон гирифта, аз вай як миллион рубл талаб кардаанд?

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки тафтишот далелҳои кофӣ ҷамъ овардааст ва ба ин далел, ин парвандаро барои тасдиқи айбномаи ниҳоӣ ба додситонӣ фиристодааст.

Ба айбдоршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 126 барои одамрабоӣ аз 5 то 12 соли зиндон, бар асоси моддаи сеюми моддаи 158 барои дуздӣ то 6 соли зиндон, бар асоси қисми дуюми моддаи 162 барои тамаъҷӯӣ то 10 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то як миллион рубл ва бар асоси қисми сеюми моддаи 162 барои ғоратгарӣ аз 7 то 15 соли зиндон низ бо ҷарима ба маблағи то як миллион рубл  таҳдид мекунад.

Ба ин тартиб, агар додгоҳ ин 4 тоҷики мафиозро гунаҳкор бишуморад, онҳо барои солҳои тӯлонӣ дар маҳбасҳои Русия дарбадар хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button