Хабарҳои кӯтоҳ

ТАМАЪҶӮӢ БАРОИ ПАҲН НАКАРДАНИ АКСҲОИ УРЁН, ДУЗДӢ АЗ МАҒОЗАИ “1001 МАЙДА ЧӮЙДА” ВА ҚАЛЛОБӢ БО ИСТИФОДА АЗ СОМОНАИ “СОМОН ТҶ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2023

Тамаъҷӯӣ барои паҳн накардани аксҳои урён

192

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 26-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 27-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа, марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур, аз ӯ барои дар сомонаҳои интернетӣ паҳн накардани расмҳои урёнаш, дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода вохӯрда, 800 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани якчанд ҳодисаи дуздӣ ва дастгир гардидани ҷинояткорон

143Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба «Мағозаи фурӯши 1001 майда чӯйда», воқеъ дар кӯчаи

шуда, аз онҷо 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматӣ, 1-адад дучархаи тамғаи “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Кирдорҳои қаллобӣ бо сӯиистифода аз боварӣ

123

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми июли соли 2020, дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе марди 58-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 2 моҳ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршванда моҳи июли соли 2023 дар сомонаи иҷтимоии «Somon.tj» хонаи истиқоматиро ба фурӯш гузошта, ҳамин тариқ бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 11 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, забонхат додааст, ки баъди 2 шабонарӯз ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиро ба ному насабаш пурра мегузаронад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button