ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ПАДАРИ ЯКЕ АЗ МАСЪУЛОНИ “ГУРУҲИ “24” ДАР ПАЙИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР БЕРЛИН (ВИДЕО)

Масъули бахши иттилоот ва таблиғоти ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва муҷрии барномаи “Садои мардум” Беҳрӯз Тағойзода, ки бо тахаллуси Салмон Холиқов ҳам маъруф аст,  рӯзи 30 сентябри соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон шаби 29 сентябр, соати 22 падари 60-солааш Холиқов Тағоймуродро аз хонаашон дар деҳаи Шайхони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ гирифта бурдаанд ва то ҳол дараке аз падараш надоранд.

Беҳрӯз Тағойзода дар бораи мушаххасан аз ҷониби кадом мақомот сурат гирифтани боздошти падараш изҳори беиттилоотӣ кард ва гуфт, хешовандонаш аз тарси таъқиби мақомот метарсанд, ки бо ӯ тамос бигиранд ва дар бораи сарнавишти падараш ягон маълумот бидиҳанд.

“Падари ман як муаллими оддист ва ягон рабте ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва оппозитсионии ман надорад. Боздошти ӯ билофосила баъди силсилаи эътирозҳо ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин сурат гирифт, ки ман дар ин эътирозҳо иштироки фаъолона доштам ва чандин бор суханронӣ ҳам кардам. Ман боздошти падарамро бевосита ба иштирокам дар ин эътирозҳо алоқаманд медонам ва бар инам, ки мақомот бо ин шева мехоҳанд интиқомҷӯӣ кунанд”, – изҳор дошт Беҳрӯз Тағойзода.

Беҳрӯз Тағойзода (Салмон Холиқов) 32 сол дошта, аз соли 2015 дар Аврупо ба сар мебарад. Ӯ муҷрии “Садои мардум”, яке аз барномаҳои пуртамошобини “Гуруҳи 24” низ ҳаст.

“Гуруҳи 24” бо нашри як изҳорот алакай шоми 29 сентябр хабар дод, ки хешовандони чандин нафар аз тарафдорони ин ҳаракатро дар Тоҷикистон билофосила дар пайи эътирозҳои баргузоршуда дар Берлин дастгир кардаанд. “Гуруҳи 24” ба ҷуз аз падари Беҳрӯз Тағойзода дигар мушаххас накард, ки наздикони боз киҳоро дастгир кардаанд?

Чанде дигар аз паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо ба “Бомдод” гуфтанд, ки наздикони онҳоро дар Тоҷикистон ҳанӯз то баргузории эътирозҳои Берлин ба мақомоти амниятӣ даъват карда, ҳушдор додаанд, ки бо онҳо тамос гирифта, пеши роҳи иштирокашон дар ин эътирозҳоро бигиранд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабари боздошти наздикони иштирокчиёни эътирозҳои Берлинро шарҳ надодаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29 сентябр ба манзури ширкат дар нахустин мулоқоти сарони кишварҳои Олмон ва Осиёи Марказӣ дар Берлин қарор дошт. Рӯзи 29 сентябр раҳбарони Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ва сипас бо канслер, ё садри аъзами ин кишвар Олаф Шолтс мулоқот карданд. 4 кишвари Осиёи Марказиро дар нишастҳои Берлин президентҳояшон ва Туркманистонро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти кунунии ин кишвар намояндагӣ карданд.  Ин нахустин мулоқоти муштараки сарони ин минтақа бо роҳбарони як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд ва ҳамагӣ ҳафтае баъди айни мулоқоти нахустини онҳо бо президенти Амрико Ҷо Байден, ки дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал доир шуд, сурат гирифт. Дар Берлин ҳамчунин нахустин Форуми иқтисодии Олмону Осиёи Марказӣ доир шуд.

Тайи ду рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин қарор дошт, мухолифини сиёсиашдар пойтахти Олмон чанд тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Оппозитсияи тоҷик, ки аз дохили кишвар танг карда шуда, ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият дорад, дар ҷараёни сафарҳои қаблии Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо низ чунин эътирозҳо баргузор мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button