ВидеоСиёсатТоҷикистон

МОШИНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР БЕРЛИН ТУХМБОРОН КАРДААНД (ВИДЕО)

Тарафдорони ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” иддао доранд, ки рӯзи 29 сентябри соли 2023 ба онҳо муяссар шуд, ки дар маркази шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, мошини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тухмборон кунанд.

Дар навори кӯтоҳе, ки нусхаи он ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ду ҷавони яке либоси варзишии сафед  ва дуюмӣ либоси рангаш тира дар тан дар канори яке аз ҷодаҳо лаҳзаи гузаштани корвони мошинҳои ҳайъати расмии Тоҷикистонро мепоянд ва баробари ба ҷои истодаи онҳо расидани ин корвон аз ҷайбҳояшон чанд тухмро берун кашида, ба тарафи яке аз мошинҳо мепартоянд.  Дар ҳамин лаҳза як корманди пулиси Олмон, ки савори мотосикл корвони мошинҳои ҳайъати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард, дар назди тухмандозон манъ мекунад ва онҳоро аз идомаи ин амалашон манъ карданӣ мешавад.

Дилшод Шарипов, раҳбари кумитаи иҷроияи “Гуруҳи 24” ин ҳодисаро “амалиёти махсус” номид ва иддао кард, ки дақиқан мошине, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дохилаш буд, ҳадафи тухмборон қарор гирифтааст. Аммо ду нафар аз ҳайъати ҳукумат дар суҳбат бо “Бомдод” гуфтанд, ки президент дар он мошин набуд ва аз ин ҳамла осебе надидааст. Аммо нашрияи немисии  regionalHeute.de  акси лаҳзаи аз мошинаш берун омадани Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардааст. Дар акс дида мешавад, ки бар асари задану шикастани тухмҳо шишаи мошини президенти Тоҷикистон ифлос шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарони 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ аз 28 сентябр дар Берлин қарор доранд. Рӯзи 29 сентябр онҳо бо президенти Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ва сипас бо канслер, ё садри аъзами ин кишвар Олаф Шолтс мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти муштараки президентҳои ҳамаи 5 кишвари  Осиёи Марказӣ бо роҳбарони як кишвари узви Иттиҳоди Аврупост ва ҳамагӣ ҳафтае баъди айни мулоқоти нахустини онҳо бо президенти Амрико Ҷо Байден, ки дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал доир шуд, сурат гирифт.

Дар Берлин ҳамчунин нахустин Форуми иқтисодии Олмону Осиёи Марказӣ доир шудааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳамоишҳои Берлин асосан масоили ҳамкориҳои минтақа бо Олмон баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар нишасти сарони Олмону Осиёи Марказӣ гуфтааст: “Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва кишварҳои минтақа бо дарназардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”. Ӯ дар ин зимн рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурда, бо зикри иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйири иқлим ва асароти он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ин самтҳо густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим хондааст.

Тайи ду рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин қарор дошт, тарафдорони мухолифин дар пойтахти Олмон чанд тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Оппозитсияи тоҷик, ки аз дохили кишвар танг карда шуда, ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият дорад, дар ҷараёни сафарҳои қаблии Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо низ чунин эътирозҳо баргузор мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Акнун навбати эмомалӣ, баъди бозгашт ба Ватан ба ятимов ва раҳимзода дастур медиҳад, ки маҳбусони “авфшуда”-ро пушди дарҳои Дафтари созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ҷамъ оварда, бо аксу шиору овеза ва тухму помидору “пӯфак” маъракаи эътирозӣ ё тазоҳурот ташкил намоянд ва интиқоми “Пешво”-ро аз хонаводаи дар Тоҷикистон будаи паноҳҷӯёни Европа бигиранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button