МуҳоҷиронҲодиса

ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ШИМОЛИ РУСИЯ БАРОИ ДУЗДИИ 3 АЙНАК ВА 13 ПЛАНШЕТ

Додгоҳи ноҳияи Ижмаи ҷумҳурии Коми дар шимоли Русия Н. ном шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми қасди дуздии 3 айнаки олами маҷозӣ (айнакҳои VR) аз мағозаи ширкати мобилии “МТС” дар шаҳраки Шеляюр ба 9 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои ҷумҳурии Коми рӯзи 29 сентябри соли 2023 дар шарҳи ин парванда хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Ижма муайян кардааст, ки ҷавони тоҷик шаби 27 ба 28 июни соли 2023 дар ҳолати мастӣ  ғайриқонунӣ вориди мағозаи “МТС” дар шаҳраки Шеляюр шудааст ва шишаи витринаро зада шикаста, 3 айнаки олами маҷозӣ ва 13 планшетро тасарруф кардааст.  Аммо ӯ натавонистааст кирдори ҷиноятии худро то ба охир бирасонад, чунки  ягона корманди пулис дар шаҳраки Шеляюр аз шикаста шудани витринаи мағоза тавассути шабакаи сигнализатсия огоҳӣ пайдо карда, худро ба ҷои ҳодиса расондааст ва дуздро дастгир кардааст. Ба ҳисоби додгоҳ, агар муҳоҷири тоҷик кирдори худро ба анҷом мерасонд, ба соҳиби мағоза ба маблағи 77 ҳазор рубл зарар мерасонд.

Ҳангоми судури ҳукм, додгоҳи Ижма чанд паҳлуи қазия, аз ҷумла доштани макони иқомати доимӣ ва се фарзанди хурдсоли чорсолаву дусола ва якмоҳа, характеристикаи мусбат ба маҳалли зисташ дар Тоҷикистон, доштани ҷои кори барои ҷомиа муфид, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудани шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчунин рафтори ӯ дар ҷараёни тафтишотро ба назар гирифта, ӯро ба ҷои зиндон ба 9 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст. Н. дар муддати ин 9 моҳ бояд ҳамчунин 10% аз маоши худро ба давлат ҳамчун товон пардохт кунад.

Ҳукми додгоҳ ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Худи маҳкумшуда барои шарҳи парванда дастрас нест ва маълум нест, ки оё ӯ аз ин ҳукм шикоят хоҳад бурд ваё онро мепазирад?

Шеляур шаҳракест бо тақрибан 2200 сокин дар соҳили дарёи Печора, дар тақрибан 600-километрии шимоли шаҳри Сиктивкар, пойтахти ҷумҳурии Коми ва тақрибан 1800-километрии Маскав, пойтахти Русия. Аз Шеляюр то Душанбе, пойтахти Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор километр роҳ аст ва маълум нест, ки ин муҳоҷири тоҷик чӣ  гуна ба ин минтақаи дурафтодаи шимоли иқлимаш қаҳратуни Русия афтодааст ва чаро шаби 27 ба 28 июн қасди ғорати маҳз мағозаи ширкати мобилиро кардааст? Қарори маълум, тамоми мағозаҳои “МТС” бо шабакаҳои сигнализатсияи пайваст ба шуъбаҳои маҳаллии пулис муҷаҳҳаз буда, дар давру бар ва дохили ҳар мағозааш чандин видеокамераи назоратӣ насб карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button