ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҒОРАТГАРИ НОБОЛИҒ, КИ ДАР БОҒИ “МОДАРОН” “ШИКОР” МЕКАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як ғоратгари ноболиғ хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 23-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар назди боғи “Модарон” қарор доштанаш, як шахси ношинос бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А3”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button