ВидеоИқтисодМуҳоҷиронНуқтаи назар

МУҲОҶИР НАГӮ! ПУЛИ МУҲОҶИР ХУБУ ХУДАШ ГАНДА? (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое чарх мезанад, ки дар он корманди телевизион аз раиси як деҳа  талаб мекунад, ки дар суҳбаташ дар бораи ободкориҳо дар деҳаашон аслан номи муҳоҷиронро нагирад ва аз саҳми онҳо дар ин ободкориҳо ёдовар нашавад.

Хабарнигорони телевизион аз мансабдори маҳаллӣ дар бораи  мумфарш ё асфалтпӯш кардани роҳи ин минтақа  мусоҳиба мегиранд.

Раис дар мусоҳибааш онҳоеро, ки дар асфалтпӯш кардани роҳ саҳм гирифтаанд, ном ба ном зикр  мекунад: “Зиннатов Шамсулло, Акрам Неъматов, Муҳаммадиев Маликшоҳ бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”

Аммо баробари ба забон овардани номи муҳоҷирон, наворбардор сухани раисро мебурад ва амраш медиҳад ки: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”

“Аз сар бигӯям?” – мепурсад раис.

Ва наворбардор машвараташ медиҳад ки ба ҷои калимаи муҳоҷирон чунин бигӯяд: “Фарзандони бонангу номуси ҳамин деҳа, тамом!”

Маълум нест, ки ин мусоҳиба кай ва дар куҷои Тоҷикистон ва барои кадом шабакаи телевизионӣ сабт шудааст, вале ин видео мавҷи вокунишҳои корбаронро ба бор овард. Бисёриҳо аз он гила кардаанд, ки чаро дар Тоҷикистон пули муҳоҷир хуб асту худаш чунин ганда?

Яке навиштааст: “Агар муҳоҷир мегуфт, чӣ мешуд? Магар осмон омада ба замин мечаспид? Ман ҳайрон!” 

“Ободиро муҳоҷирон кунанду қарсақро барои раисон бизанед!” – бо киноя навиштааст корбари дигар.

Бархе навиштаанд, “вақте муҳоҷир дар Ватани худаш қадр надорад, аз мақомоти Русия чаро гила кунем, ки муҳоҷирони моро қадр намекунанд?”

Бисёриҳо навиштаанд, ки бояд ба муҳоҷирон ташаккур гуфт, ки солҳо аз зану фарзанди худ ҷудо дар мулки ғурбат азоби ҷаҳаннамро мекашанд, то нафақат рӯзгори танҳо хонаводаи худ, балки Ватанро ҳам обод кунанд.

Ба ақидаи баъзе аз соҳибназарон, кам нишон додани саҳми муҳоҷирон дар ободии Тоҷикистон сиёсати вижаи мақомоти ин кишвар аст, ки бо ин роҳ мехоҳад саҳми дар асл ночизи худро бузургтар нишон бидиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, далели дар солҳои охир аз нашри ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирон саркашӣ кардани мақомоти Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки саҳми онҳо дар пеш бурдани аробаи иқтисоди кишвар маълум нашавад.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Соли гузашта аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар пул омадааст, ки ин қариб баробари буҷаи солонаи ин ҷумҳурист.  Ин ҳам лозим ба гуфтан аст, ки ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун, асосан бар асари фалокатҳо дар ҷои кор ва макони зист, ҳамчунин бар асари бемориҳои мухталиф ва садамаҳо ҷон медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Мағозаи хӯроквории “Гуфтаи мардак” гуяд:

    Агарчӣ ин пропагандаи давлатӣ аст, аммо мантиқан дуруст мегӯянд, касе ки барои ободии диёри худ инфоқ мекунад, фарзандони бо нангу номуси диёр гуфта мешаванд, оё ин иҳонат аст? қатъан на!!! Тасаввур кунед, ки русҳо шабу рӯз дар телевизионҳои худ такрор ба такрор мегӯянд, ки иқтисоди Тоҷикистонро мо мечархонем, аз ин тараф ҳам телевизиони Тоҷикистон бигӯяд, бале роҳҳоро муҳоҷирон асфалтпӯш мекунанд, ин чӣ мешавад? Ин тасдиқи пропагандаи русҳо мешавад!!! Дар Россия шумо “гастарбайтер”-у “мигрант” ҳастед, дар Тоҷикистон фарзандони бонангу номуси Ватан ҳастед, тамом ва салом!!! Кӯтоҳфикрӣ зидди дурандешист!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button