ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН МОШИНИ “БМВ” ДАР СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА 6 ХОНАНДАИ МАКТАБРО ПАХШ КАРДААСТ

Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли як видео хабар дод, ки рӯзи 28 июни соли 2023, дар рӯзи иди Қурбон ронандаи як мошини тамғаи “БМВ” дар ҳудуди деҳаи Себистони ноҳияи Данғара 6 хонандаи мактабро пахш кардааст. Ин садама дар роҳи калони Душанбе – Кӯлоб, ки аз Себистон мегузарад, рух додааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, ин 6 нафар ҳама хонандагони синфи 11 будаанд, ки дар рӯзи ид якҷоя идгардак мекарданд. Дар Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсинфон идгардак кардани сокинон ба ҳукми анъана даромадааст.

Бар асари садама аз ин 6 хонандаи мактаб даступои 4 нафарашон шикаста ва дуи дигарро дар ҳолати вазнини мадҳушӣ дар бемористони марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карданд. Рӯзи 29 июн хабар омад, ки ин ду наврас, хушбахтона, ба ҳуш омадаанд.

Тафсилоти дигари ин садамаи вазнин дар Себистон ҳанӯз дастрас нест. Мақомот ин ҳодисаро то ҳол расман шарҳ надодаанд. Вале бино ба иттилои дарёфтии “Бомдод”, ронандаи “БМВ”  боздошт шудааст ва дар робита ба ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Рӯзи 28 июн, дар рӯзи иди Қурбон дар роҳҳои Тоҷикистон чанд садамаи дигар низ рух дод.

Аз ҷумла дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ дар километри 134-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи резиши санг, мошини як сокини деҳаи Хушекат зери санг монд ва Амон Маскуров, як ҷавони 22-солаи сокини деҳаи Хушекат ҳалок гардида, ду нафари дигар аз сокинони ин деҳа бо ҷароҳатҳои мухталифи ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button