Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ШИМОЛИ ЭРОН 17 НАФАР АЗ ИСТЕЪМОЛИ ШАРОБИ ҚАЛБАКӢ ҶОН ДОДААНД

Дар 11 рӯзи охир дар устони Албурз дар шимоли Ҷумҳурии исломии Эрон дастикам 17 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли машруботи қалбакӣ ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузории давлатии ИРНО рӯзи 23  июни соли 2023, бо такя ба раҳбари қувваи қазоия, яъне низоми додгоҳии устони Албурз Ҳусейн Фозилии Ҳарикандӣ хабар дод, ки дар умум дар ин 11 рӯз ба бемористонҳои минтақа 191 нфарро бо алматҳои заҳролудшавӣ бистарӣ кардаанд. Аз ин шумор 4 нафар то ҳол таҳти табобат қарор доштаанд.

Ҳарикандӣ гуфт, пулиси устони Албурз то кунун 9 нафарро бо гумони даст доштан дар шабакаи тавлиди машруботи қалбакӣ аз тариқи ҳамроҳ кардани об ва моеъҳои дигар ба метанол, ва фурӯши ин машрубот дастгир кардаанд. Яке аз дастгиршудаҳои молики корхонаи тавлиди лак барои мӯй дар шаҳристони Иштиҳорд аст, ки ба бовари мақомот, маҳз ӯ, спирти техникиро барои сохтани машрубот ғайриқонунӣ фурӯхтааст. Бовар меравад, ки машруботи заҳролуд аз ҳамин спирти техникӣ тайёр шуда буд.

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон қонунҳои Шариат амал мекунанд, ки бар асоси он, машрубот ҳаром ҳукм шудааст. Ба ин далел, дар Эрон тавлиду фурӯш ва истеъмоли машрубот қонунан манъ карда шудааст. Танҳо ба бархе қишрҳои камшумори аҳолии Эрон, асосан ба пайравони дини масеҳӣ, бо шумули арманиҳо иҷозат дода шудааст, ки дар шароити хона барои истеъмоли худашон шароб бисозанд, вале бидуни ҳаққи фурӯши он ба дигарон.

Бо ин вуҷуд дар Эрон ба таври пинҳонӣ дар ҳаҷми бузург машруботи зиёд тавлид карда мешавад ва дар ин кишвар бозори сиёҳи фурӯши машрубот ҳамчунон гарм боқӣ мемонад.

Мақомоти Эрон ҳар моҳ даҳҳо нафарро бо ҷурми тавлиду фурӯши ғайриқонунии машрубот дастгир ва зиндонӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button