ВидеоТоҷикистонҶомеа

АФСАРИ ВКД ВА ЯК ХЕШАШ МУАЛЛИМИ ДОНИШГОҲРО АЗ РАШК БА ДАРЁ ПАРТОФТААНД…

Додситонии кулли Тоҷикистон  рӯзи 24 июни соли  2023 бори аввал қазия нопадид шудани устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмоновро шарҳ дод ва тасдиқ кард, ки рӯзи 15 июни соли 2023 сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии УБОП, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович барои одамрабоӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба иттилои додситонӣ, Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023, соати 23:20, аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хидматияш, ки тамғаи “Ҳундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030 UD 01 савор кардаанд.

Сипас, онҳо  дастони Раҳмонов И.Қ-ро баста, ба самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд роҳсипор гардида, дар километри 118-уми шоҳроҳи мазкур, дар канори деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаро боздошта, маҷбуран Исмоилҷон Раҳмоновро фароварда, бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Додситонӣ гуфт, ҳамон рӯзи 15 июни соли 2023 нисбати Юсуфзода А.Ҳ. ва Шукуров И.М. бо моддаи 130, қисми 2, бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи зӯроварии барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Додситонӣ гуфт, Исмоилҷон Раҳмоновро  то ҳол  пайдо накардаанд ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар сохторҳо барои ҷустуҷӯ ва пайдо намудани ӯ сафарбар гардидаанд. Дар матлаб аз истиқоматкунандагони маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Фон ва Зарафшон хоста шудааст, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумот оид ба дарёфти Раҳмонов И.Қ. фавран ба мақомоти прокуратура ё милитсия  хабар расонанд. 

Қаблан гузориш шуда буд, ки Исмоилҷон Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат ҳамроҳи ҳамсари  Акмал Юсуфзода кор мекард: Раҳмонов муаллим аз фанни менеҷмент буд ва ҳамсари подполковник Юсуфзода муаллимаи забони англисӣ. Байни онҳо чӣ гузаштааст, ки боиси рашки Юсуфзода ва чунин шеваи ниқор шудааст, маълум нест. Вале додситонӣ мегӯяд, ин ниқоргирӣ дар заминаи рашк сурат гирифтааст.

Худи дастгиршудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button