ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СӮХТОР ДАР ТАРАБХОНАИ РЕСТО-БАРИ “ДИЁР” (СОБИҚ “БОХТАРИЁН”) ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимашаби 24-уми июни соли 2023, тақрибан соати 00:36, дар тарабхонаи Ресто-бар “Диёр” (собиқ “Бохтариён”), воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои пайвасту насби кабелу ноқилҳои барқӣ дар ошпазхона расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар натиҷаи он сӯхтор сар задааст.
Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтори кушод толори мизоҷон ва болопӯши бинои тарабхонаро дар масоҳати 200 метри мураббаъ фаро гирифта, хафви паҳншавии он ба миён омадааст. ВКД гуфт, дар натиҷаи сафарбар намудани қувваву воситаҳо сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар соати 02:00 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Бино ба иттилои нашршуда, дар ин сӯхтор ягон нафар зарари ҷисмонӣ надидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин сӯхтори бузург дар пойтахти Тоҷикистон аст.

Шаби 22 июни соли 2023 мактаби миёнаи №71 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт. Дар видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса дида мешуд, ки яке аз биноҳои сеқабатаи мактаб пурра сӯхтааст ва аз бино  алангаи дуду оташ ба осмон баланд мешавад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  субҳи 23 июн бо тасдиқи хабари сӯхтор дар мактаби №71 хабар дод, ки шаби 22-юми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 22:15 дақиқа дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои милитсия, бо мақсади пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125 нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150 нафар, 16 адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18 адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷа, сӯхтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд.

“Тибқи санҷишҳои пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Вобаста ба ҳолати мазкур низ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари сӯхтор муайян карда хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button