ВидеоТоҷикистонҲодиса

БО СУРЪАТИ БЕШ АЗ 100 КМ МЕРОНД… БОЗДОШТИ МАЙОРИ МИЛИТСИЯ БАРОИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИЕ, КИ 4 КУШТА БА ҶО ГУЗОШТ (АКС ВА ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар робита ба садамаи пурқурбонии нимаи дуюми рӯзи 21 июни соли 2023 дар маркази Душанбе, ки 4 кушта ба ҷо гузошт, ба зидди корманди БДА майори милитсия Орзубек Ҳабибзода парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, ин садама дар рӯбарӯи тарабхонаи “Чаманоро” маҳз бо айби афсари милитсия, ки мошини ҷипи “БМВ”-ро бо суръати беш аз 100 км/соат ҳаракат мекард, рух додааст. Аз моддаи парвандаи ҷиноятии ба зидди майор бозшуда бармеояд, ки ба эҳтимоли ғолиб, ӯ маст ҳам буд. Акнун ба майор Ҳабибзода барои марги 4 нафар бар асоси қисми панҷуми моддаи 212 аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба тафсилоти наве, ки маркази матбуоти милитсияи Душанбе рӯзи 23 июн нашр кард, нимаи дуюми рӯзи 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 16:20, Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи А.Дониш, хонаи 15, бозраси давлатии автомобилии шуъбаи назорати техникии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи низомиаш “майори милитсия”, ҳамроҳи Султонов Сӯҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ба мошини нақлиёти сабукрави тамғаи “БМВ Х5”, соли бароришаш 2015, рақами қайди давлатиаш 111 WA 01 нишаста, ба самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ҳаракат кардаанд.

Тахминан соати 17:20, ҳангоми аз ҷониби Ҳабибзода О.М., бо суръати зиёда аз 100 км/соат дар роҳи мошингарди кӯчаи Н.Ганҷавии пойтахт аз самти кӯчаи Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов ҳаракат кардан дар рӯбарӯи бинои тарабхонаи “Чаманоро”, мошини “БМВ” муқобили самти ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами қайди давлатиаш 3177 МВ 01, таҳти идораи шаҳрванд Забиров Юсуф Нарзуллоевич, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Сомонӣ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ мусофири мошини тамғаи “БМВ Х5”, Султонов С.Р., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ронандаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Милитсия гуфт, аз ҷониби додситонии шаҳри Душанбе, нисбати Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, бо моддаи 212, қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад ва “нисбати гунаҳгор чораҳои қатъӣ дида мешавад”.

Додситонии шаҳри Душанбе  низ рӯзи 23 июн бар асоси қисми панҷуми моддаи 212 оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Орзубек Ҳабибзодаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки “гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд”.

Милитсия ва додситонӣ дар бораи дар кадом ҳолат қарор доштани майори милитсия ҳангоми бо суръати беш аз 100 км/соат рондани мошинаш чизе нагуфтаанд,  аммо қисми панҷуми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷозот барои садамаҳоеро пешбинӣ мекунад, ки бо айби шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир шуда ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё шумори аз ин ҳам бештари шаҳрвандон гардидааст.  Ба Ҳабибзода бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз 10 то 20 сол таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button