ВидеоДин ва боварҳо

РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ВА ВАҚТИ НАМОЗИ ИД ДАР ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУД

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 июни соли 2023 дар ҷаласаи навбатиаш рӯзи таҷлили иди Қурбон ва соати баргузории намози идро муайян кард.

Бино ба иттилои маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур, ки бо иштироки Раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои Шӯрои уламо баргузор гардид, асосан масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории иди Қурбон ва вақти намози ид матраҳ шуд. Ҳамин тавр, Шӯрои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ, иди Қурбон рӯзи чоршанбеи оянда, 28 июни соли 2023 таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар субҳи 28 июн, соати 6-00 баргузор мегардад.

“Инчунин тибқи қарори Шӯрои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд”, -гуфта мешавад дар гузориши нашркардаи маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”.

Иди Қурбон дар баробари иди Рамазон яке аз ду иди муҳимтарини мусулмонӣ ба шумор рафта, ҳарду ид дар Тоҷикистон расман ба тақвими идҳои расмӣ шомил гардида, рӯзи истироҳат эълон шудаанд.

Беш аз 6 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон имсол иди Қурбонро дар Арабистони Саудӣ дар маросими Ҳаҷ таҷлил мекунанд. Арабистони Саудӣ имсол барои зоирони тоҷик 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.

Кумитаи дин қаблан хабар дод, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Бо қурби расмии имрӯза ин 5400 доллари Амрикоро ташкил медиҳад. Кумитаи дин гуфт, нархи сафари Ҳаҷ нисбат ба мавсими Ҳаҷҷи соли гузашта 1520 сомонӣ, ё тақрибан 140 доллар арзонтар карда шудааст. Вале бо ин вуҷуд нархи сафари Ҳаҷ аз бархе кишварҳои дигар, барои мисол, аз Қирғизистони ҳамсоя гаронтар аст.

 Интиқоли зоирон аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ба Саудӣ аз 10 июн оғоз ёфта, 20 июн ба анҷом расид. То имрӯз дар бораи дар Арабистони Саудӣ хабари фавтидани як зоири тоҷик: Абдулло Шарипов аз ноҳияи Мастчоҳ нашр шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button