ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҶАВОНРО КОРД ЗАДАНИ ЯК НОБОЛИҒ, БАҲС БО ДОНИШҶӮ БАРОИ 82 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН АЗ ТАРАБХОНА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 21.06.2023

Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми захмӣ намудани ду нафар

02

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 19-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:12-дақиқа, дар ноҳияи Сино, назди майдончаи варзишӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавонони 19 ва 23-солаи сокинони пойтахт муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда ба бадани онҳо зарба зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

04

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 83 ҳазор доллари амрикоӣ барои сохтмон гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати наздик бармегардонад, аммо ба ваъдааш наистода, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки охирҳои соли 2016 марди 60-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва 5 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ба ваъдааш наистода, фиреб карда гаштааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2016 ҳангоми дар давлати Лаҳистон таҳсил карданаш бо марди 32-солаи сокини пойтахт шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст ва марди 32-сола дар давоми солҳои 2018 – 2019 дар якчанд марҳила тавассути зани 54-солаи сокини ш.Душанбе ба ӯ маблағи 140.700 доллари амрикоӣ барои харидорӣ кардани воситаҳои нақлиёти гуногун ирсол мекунад.
Гумонбаршаванда аз ин фурсат истифода бурда, маблағҳои пулиро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо пурсишу талаботҳои чандинмаротибаи ҷабрдида танҳо 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро бо арзиши 13 ҳазор доллари амрикоӣ ирсол карда ва 45 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда маблағҳои пулиро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 82 ҳазору 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани телефондуздии марди 42-сола

40

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки шаби 18 ба 19-уми июни соли 2023, ҳангоми дар тарабхона қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ телефони мобилиаш тамғаи «Айфон-10» -ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button