ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ТАРОШИДАНИ НОМИ “КОНИБОДОМ” ДАР САРИ 9 АСКАР РОСТ БУДААСТ: ДУ СЕРЖАНТ БОЗДОШТ ШУД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20 июни соли 2023 дар пайи таҳқиқи акси ба сурати таҳқиромез тарошидани мӯи сари 9 сарбоз ва дар сари онҳо навиштани  номи “Конибодом” хабар дод, ки ин акс воқеист ва ин ҳодиса моҳи январи соли 2022 дар як комендатураи қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара рух додааст. Додситонии кул гуфт, сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов барои чунин рафтори таҳқиромез нисбат ба наваскарон ва сержанти хурд Давлатов А.М. барои аксбардорӣ ва дар Интернет паҳн кардани акси ин ҳолат боздошт шудаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 15 июни соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолае бо номи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом….” нашр ва акси ҳолати ба таври таҳқиромез тарошидани мӯйи сари сарбозон паҳн гардида,вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Дар акс дида мешуд, ки сари 9 сарбозро ба шакли ҳарфҳо тарошида, аз ин ҳарфҳо номи “Конибодом” сохтаанд ва як сержант дар канори ин сарбозон бовиқор нишастаасту аз ин амали таҳқиромезаш нисбат ба сарбозон, тавре ба назар мерасад, фахр ва “кайф” мекунад. Корбарон дар пайи дидани ин акс аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкоронро пайдо карда, ҷазо бидиҳанд.

Додситонии кул гуфт, ин матлаб мавриди санҷиши пурраю ҳаматарафа қарор гирифта, муайян гардид, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ӯҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сари сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад.

Аммо, меафзояд додситонӣ, “сержанти хурд Исмоилов бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба нӯҳ нафар сарбозони навдаъватшуда Кароматзода Б.Л.,Азамзода М.А., Қурбонов С.Н., Гулмирзоев И.М., Раҳматуллозода И.Р., Кенҷаев К.Р., Раҷабов Р.Н., Мирзоев Н.У. ва Ғуломзода К.С. ҳамчун бузургсолор  (“дед”) ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.

Гузашта аз ин, Исмоилов бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд Давлатов А.М. ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст.  Давлатов А.М. бошад акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ дар санаи 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ  Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (сӯиистеъмол аз мақом, ё берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба онҳо ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, дар ин авохир ин алакай дуюмин мавриди расонаишудаи бадрафторӣ нисбат ба наваскарон дар воҳидҳои Қӯшунҳои марзбонӣ дар Исфара аст.

Моҳи апрел дар Интернет видеои нашр шуд, ки чӣ гуна сарбозони собиқадор дар комендатураи якуми Ворух наваскаронро таҳқиру латукӯб ва шиканҷа мекунанд. Дарр чорчӯби ин парвандаи урсарусадо и видеои бадрафторӣ 8 нафар маҳкум ба зиндони низомаш пурзӯр шудаанд. Аз ин шумор бо ҳукми коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли равон ду афсар ва ду сержант ҳар кадом ба 11 солу 6 моҳи зиндон ва се сарбозу як сержанти хурд ҳар кадом ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button