ВидеоТоҷикистонҶомеа

УСТОДИ ДОНИШГОҲ КУҶО ШУД? БОЗДОШТИ ПОЛКОВНИКИ УБОП БО ИТТИҲОМИ “ОДАМРАБОӢ” (ВИДЕО)


Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба “одамрабоӣ” гумонбар медонанд.

Дар вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул хабарро шарҳ надоданд. Аммо чанд манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, Акмал Юсуфзода ба он гумонбар мешавад, ки “шаби 12-уми июни соли 2023 Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро зӯран ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдааст”.

Аз он вақт то ҳоло маълум нест, ки ба омӯзгор чӣ шуда ва ӯ дар куҷост? Мақомоти тафтишотӣ эҳтимоли кушта шудани омӯзгорро сарфи назар намекунанд.

Наздиконаш беш аз як ҳафта боз Исмоил Раҳмоновро ҷустуҷӯ доранд, аммо гуфтанд, ба мақомот забонхат додаанд, ки бо расонаҳо гап намезананд.

Ба дасти радиои Озодӣ наворе расид, ки ду нафар шахсеро, ки гуфта мешавад, омӯзгор Исмоил Раҳмонов аст, кашола карда мебаранд. Ҳодиса шаби 12 июн дар маҳаллаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе рӯй додааст.

Ба қавли ҳамсуҳбатони Озодӣ, шаби ҳодиса омӯзгор Исмоил Раҳмонов дар маҳаллаи “Якум Советский”-и Душанбе дар хонаи хоҳараш будааст. Рӯзи 19-уми июн хабарнигорони Озодӣ ба манзили хоҳари Исмоил Раҳмонов рафтанд, аммо ӯ дар ин бора гап назад.

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 19-уми июн гуфт, Акмал Юсуфзода дар бозпурсиҳои аввал гуфтааст, гӯё омӯзгорро то ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, дар онҷо раҳо кард, “вале ин метавонад ҳақиқат набошад”. Ба иттилои дарёфтӣ, наздиконаш ӯро дар соҳилҳои дарёи Зарафшон низ ҷустуҷӯ доранд.

Ба қавли манбаъҳои наздик ба ду хонавода, ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов ҳарду дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои “суҳбат” даъват кардааст.

Дар коргоҳи ӯ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, тасдиқ карданд, ки Исмоил Раҳмонов ва ҳамсари полковник якҷоя кор мекарданд. Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс медоду ҳамсари полковник – аз забони англисӣ.

Як ҳамсуҳбати Озодӣ дар Донишгоҳи тиҷорат дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, Исмоил Раҳмонов ният дошт, базудӣ рисолаи илмиашро ҳимоя кунанд. “Якуним ҳафта қабл пешдифои рисолаашро ҳимоя кард ва баъди он дигар ба донишгоҳ наомад,” — афзуд ӯ.

Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард.  Ӯ 38 сол дошт ва соҳиби чор фарзанд буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button