ВарзишВидео

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР “ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН” СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон мусобиқоти “Гранд Слами Қазоқистон” (Qazaqstan Barysy Grand Slam-2023) оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) ба поён расид. Ин мусобиқоти байналмилалӣ бо иштироки  334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 кишвар 3 рӯз: аз 16 то 18 июни соли 2023 давом кард. Тоҷикистонро дар “Гранд Слами Қазоқистон” 10 варзишгар намояндагӣ мекарданд. Рӯзи 18 июни соли 2023 дар рӯзи сеюм ва ниҳоии мусобиқот 4 паҳлавони тоҷик дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг байни мардон ба майдон баромаданд.

Паҳлавони хушноми тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз даври дуюм шуруъ карда, аввал бар варзишгари фаронсавӣ Жозеф Тереч ғолиб омада, дар чорякфинал бар варзишгари бетараф Валерий Ендовитский ва дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Саба Инанеишвилӣ пирӯз шуд. Вале дар рақобати ниҳоӣ дар финал Темур Раҳимов аз варзишгари дигари бетараф Тамерлан Башаев мағлуб гардид ва ба ин тартиб, ҷои дуюм  ва медали нуқраи ин мусобиқотро ба даст овард. Ин алакай ҳафтумин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои “Гранд Слам” ва дуюмин медали нуқраи ӯ дар ин мусобиқот аст. Темур дар умум дар мусобиқаҳо аз силсилаи “Гранд Слам” як медали тилло, ду медали нуқра ва чор медали биринҷӣ ба даст овардааст.

 Мутаассифона, рӯзи 18 июн бахт ба рӯи се паҳлавони дигар аз Тоҷикистон нахандид. Умедҷон Раҷабов  дар вазни -90кг ва Исроил Раҳимов дар вазни -100кг алакай дар даври аввал мағлуб гардиданд. Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг дар рақобати аввалаш бар Азамат Чотчаев, ки таҳти парчами Баҳрайн майдондорӣ мекард, пирӯз омад, вале дар даври дуюм аз Гурам Тушишвили аз Гурҷистон шикаст хӯрд.

 Медали нуқраи Темур Раҳимов дуюмин медали тими Тоҷикистон ва дар умум сеюмин медали паҳлавонони тоҷик дар “Гранд Слами Қазоқистон” буд. Рӯзи 17 июн амакбачаҳои ванҷӣ Маҳмадбек Маҳмадбеков ва Сомон Маҳмадбеков дар вазнҳои то 73кг ва то 81кг тавонистанд медалҳои тиллои ин мусобиқаи байналмилалиро ба гардан биовезанд.

Маҳмадбек ва Соморн ҳарду дар шаҳри Иркутски Русия таҳти раҳбарии амакҳояшон Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо машқ мекунанд, вале дар ҳоле ки Сомон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон майдондорӣ мекунад, Маҳмадбек таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекард. Баъди таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтани Русия, Маҳмадбек дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамчун варзишгари бетараф ба майдон мебарояд.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ Маҳмадбек ва Сомон Маҳмадбековҳо дар мусобиқаи байналмилалии “Гран Прии Душанбе” низ соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Тими Тоҷикистон бо ду медали тиллои Сомон ва нуқраи Темур дар ҷамъбасти “Гранд Слами Қазоқистон” дар байни 42 кишвар ҷои 5-умро ба даст овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button