ВидеоҶанг дар Украина

ҲАМЛА БА КОРВОНИ АДАМ ДЕЛИМХОНОВ, ФАРМОНДЕҲИ НИРӮҲОИ ЧЕЧЕН ДАР УКРАИНА

Адам Делимхонов, яке аз хешовандон ва ёрони наздики раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, ки фармондеҳии нирӯҳои чечен дар ҷанги зидди Украинаро бар ӯҳда дорад, рӯз и 14 июни соли 2023 дар қаламрави Украина ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Расонаҳои Русия ва вакилони Думаи давлатӣ, ки Делимхонов вакили ин маҷлиси поёнии парлумони Русия низ ҳаст, мегӯянд, ки ӯ дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштааст, вале зинда аст.

Ин дар ҳолест ки бархе расонаҳои Украина аз марги Делимхонов ва то 12 тани дигар аз нирӯҳои чечен хабар медиҳанд.  Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳои “ҷип”, ки Делимхонов дар яке аз онҳо ҳаракат дошт, дар қаламрави шаҳри Приморски вилояти Запороже дар ҷануби Украина ҳадафи ҳамлаи тӯпхонаҳо қарор гирифтааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР БА ЗУДӢ ЧОП МЕШАВАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button