Хабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ КАРИН МАНН, КИСАБУРИИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР БОЗОРИ СПИТАМЕН ВА…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.06.2023

Боздошт гардидани марди ғоратгар

146

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 1-ум ба 2-юми июни соли 2023, тахминан соати 00:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Карин Манни ҳамин ноҳия қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз пушташ бӯғӣ карда, аз дохили ҷайбаш 3 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Барои дастгир намудани иштирокчиёни дигари ҷинояти мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Ба даст афтодани зани 34-сола бо ҷурми дуздӣ

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд. Ин зан ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 7-уми июни соли 2023, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар бозори марказии ноҳияи Спитамен қарор доштанаш, бо тариқи пинҳонӣ аз ҷузвдони зани 45-солаи сокини ноҳияи Спитамен маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва 2-адад кортҳои пластикии ширкати «Душанбе-Сити» ва «Амонатбонк»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб

14

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 44-солаи сокини ноҳияи Спитамен оғоз карда шудааст, ки ӯ моҳи январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи омода намудани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ маблағи 145 ҳазор сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button