Фарҳанг

КИТОБИ АШЪОРИ ФИРДАВСИ АЪЗАМ ДАР КОБУЛ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “КИЛКИ ЗАРИН” ШУД

Рӯзи ҷумъа, 15 саври 1402 хуршедӣ (баробар бо 05.05.2023 мелодӣ) барандагони дувоздаҳумин даври ҷавоизи Академияи “Килки зарин” дар Кобул эълом шуд.

Дар маҳфиле ки дар дафтари марказии ниҳоди «Афғон адабии баир» ба манзури вогузории ҷавоизи “Килки зарин” дар шаҳри Кобул баргузор шуда буд, ҷаноби Сиддиқуллоҳи Бадр яке аз аъзои ҳайати доварони Академияи “Килки зарин” ба намояндагӣ аз Академияи “Килки зарин” дар пайванд ба пешинаи фаъолиятҳои дувоздаҳсолаи Академияи “Килки зарин” суханронӣ карда, дар бораи вижагиҳои шеърҳо ва навиштаҳои барандагони ин даври ҷоизаи “Килки зарин”, дидгоҳи ҳайати доварони соли 1402 хуршедиро баён намуд.

Ҷаноби Бадр дар идомаи суханрониаш гуфт: Академияи “Килки зарин”, як ниҳоди адабии озод, муташаккил аз нависандагони Афғонистон аст, ки ҳамасола ба шуморе аз осори бартари шоирону нависандагони Афғонистон ва кишварҳои дорои забону фарҳанги муштарак бо мардуми Афғонистон, ҷоизаҳоеро эъто мекунад. Хушбахтона имсол дар канори чанд асари арзишманди форсӣ ва паштуи мутаъаллиқ ба шоирону нависандагони Афғонистон, дафтари шеърҳои шоир ва достоннавису пажӯҳишгари номошнои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фирдавси Аъзам бо номи “Захмҳои шукуфта” барандаи ҷоизаи “Килки зарин” шинохта шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки “Захмҳои шукуфта”-и Фирдавси Аъзам соли 2022 дар шаҳри Кобул тавассути “Гурӯҳи фарҳангии ҳамзабонон” чоп шуда буд. Ин маҷмӯа шомили 60 ғазалест, ки ҳама дар мавзӯъоти иҷтимоӣ суруда шудаанд ва 33 шеъри он дар хусуси авзоъи нобасомону талхи Афғонистон ва дар ҳимоят аз мардуми дардманд ва садои расои озодиҳои онҳост. Фирдавси Аъзам ин маҷмӯъаашро ба ҳамзабонони Афғонистон тақдим карда буд. Ва садоест дар ҳанҷараҳои захмии ҳамзабононаш.

Гуфтанист, ҷоизаи берунмарзии форсии Академияи Килки зарин” қабл аз ин, ба се тан аз шоирону нависандагони номвару тавонои Ҷумҳурии Тоҷикистон; бону Фарзонаи Хуҷандӣ, ҷаноби Озари Салим ва устод Абдулҷаббор Сурӯш тафвиз гардида буд.

Дафтари “Захмҳои шукуфта”, маҷмӯъаи тозаи шеърҳои шоири қоматафрозу боланда ва зебоандеши ҷаноби Фирдавси Аъзам ки аз сӯйи ҳайати доварони бахши форсии Академияи “Килки зарин” барандаи ҷоизаи адабии “Килки зарин”- и соли 1402 хуршедӣ (2023) шинохта шуда, ҳовии нобтарин ва расотарин намунаҳои ҷаззоб ва хӯшаҳои гулистони шеъри муосири Тоҷикистон аст, ки мавриди истиқбол ва таваҷҷӯҳи вижаи ҷомеъаи адабии Афғонистон қарор гирифта аст. Ғазалҳояш ҳовии забони табиӣ, зинда ва мардумӣ талфиқе аз шеъри дирӯзу имрӯзанд, аммо бо чашмандози тоза ва рӯшан. Шеъраш рӯҳ дорад, набз дорад, метапад.

Шоир ва нависандаи муваффақу тавоно Фирдавси Аъзам дар “Захмҳои шукуфта”, дар қолабҳои чандгона табъозмоӣ намуда, аммо майдони аслии ҷавлони қаламу истеъдоди ҷӯшандаю шукуфандаи ин шоири навоин дар ин дафтар, қолаби булӯрини ғазал мебошад. Ғазалҳое, ки дар дафтари «Захмҳои шукуфта» медурахшанд, ба алмосҳое шабоҳат доранд ки монанди хуршед, фурӯғи шевое меафшонанду ҷойгоҳи баланде дар манзумаи шеъри муосири форсӣ барои Фирдавси Аъзам, ин намояндаи ҷавони шеъри муосири Тоҷикистон рақам мезананд. Осори ӯ бозтобдиҳанда ва тасвиргари намоҳое аз шодӣ, ранҷу дардҳо, додхоҳӣ ва орзуҳои мардумони форсизабон, ба хусус, Афғонистон аст. Ӯро метавон ойинаи тамомнамои ҷомеаи ин ҳавзаи ҷуғрофиё донист, ки ҳамвора алайҳи беадолатиҳои рӯзгор бетараф набуда, садои расояшро баланд кардааст.

Мазомин ва дарунмояи аслии шеърҳои “Захмҳои шукуфта”- ро ишқ, озодӣ, адолат, ҳувият, додхоҳӣ, таърих, меҳанпарастӣ ва навъдӯстӣ ташкил медиҳанд. Фирдавси Аъзам бо табъи гуҳарбораш огоҳона дар ин дафтар аз ашъори ошиқона ҳич нишоне наовардааст ва танҳо дурахшонтарин ва ҳамосатарин намунаҳо аз шеърҳои додхоҳонаи хешро ба намоиш гузошта аст. Ғазалҳои “Захмҳои шукуфта” ба лиҳози истеҳкому расоии лафзӣ, шохисаҳои фикрӣ, орояҳо ва аносири адабӣ, ҷилваҳои бадеъию хусусиёти фаннӣ, салосати забони сайқалхӯрда, балоғати калом ва дарунмояҳои бикр аз инсиҷому бартарии хосе бархурдоранд.

Академияи “Килки зарин”, ба поси арзиши адабии “Захмҳои шукуфта” ки ишқ, озодӣ, меҳрварзию ҳамгаройӣ ва инсонмеҳвариро ҳунармандона ойинадорӣ карда, ба тасвир кашидааст, ҷоизаи берунмарзии соли 1402 хуршедии хешро ба ҷаноби Фирдавси Аъзам пешкаш мекунад ва барои ин шоири фарҳихтаю навойин ва пӯёву ҷӯё аз боргоҳи Худованди лавҳу қалам муваффақиятҳо ва дастовардҳои бештар таманно мекунад.

Гулнури Баҳман, яке аз аъзои ҳайати доварони Академияи “Килки зарин”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button