ВидеоТоҷикистон

ҲАЛОКАТИ СЕ ТИФЛ ДАР ҶАМОАТИ НАВГИЛЕМИ ИСФАРА АЗ ДУДИ АНГИШТ

Шаби 19 феврали соли 2023  дар ҷамоати Навгилем дар канори шаҳри Исфара се фарзанди хурдсоли як оила бар асари нафас кашидани дуди ангишт ба ҳалокат расида, модари онҳо дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Ду тан аз шаҳидшудагон писар буда, яке дар синфи шашум таҳсил мекардӣ ва дуюмӣ ҳамагӣ 6 сол доштааст. Қурбонии сеюм духтари даҳсола буд.

Ин мусибати вазнин дар хонаводаи Муслиҳиддини сартарош рух додааст. Падари хонавода дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.

Маросими намози ҷанозаи тифлони шаҳидшуда рӯзи 20 феврал, соати 14  дар оромгоҳи Тӯхтақул доир мешавад.

Хабари ҳалокати ин се тифли ғӯррамарг дар Навгилем мардумро дар андӯҳу мотам афкандааст.

Maрҳабо Мӯсодухт бо нашри матлабе бо номи “Фоҷеаи як хонавода” навишт: Шаби гузашта дар маҳаллаи мо фоҷеае рух дод. Фарзандони як оила – ду шоҳписар (яке синфи 6 мехонду дуюмӣ ҳанӯз шашсола) ва як гулдухтар (10-сола) аз дуди ангишт заҳролуд шуда, шаҳид гаштанд. Саломатии модари кӯдакон вазнин буда, ҳоло дар беморхона қарор дорад.  Ин фариштагонро Худо ғариқаи раҳмат шоистаи ҷаннат гардонад!

Ба модари муштипар шифои комилу оҷил ато фармояд!

Худ ва наздиконро эҳтиёт кунед дӯстони азиз!

Ҳалокати се тифл аз як хонавода дар Исфара дар ҳолест, ки ширкати “Барқи Тоҷик”, ки ба истиснои вилояти Бадахшон дар боқӣ қаламрави Тоҷикистон ҳаққи монополии тақсими нирӯи барқро дорад, амалан ҳанӯз аз моҳи октябри соли гузашта, вале расман  аз 11 феврали соли ҷорӣ дар кишвар лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ кардааст ва  бо вуҷуди фасли сармо, дар аксари қаламрави Тоҷикистон ба мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ медиҳанд.

“Барқи Тоҷик” ҷорӣ кардани лимитро ба кам шудани сатҳи об дар обанборҳои нирӯгоҳҳо ва афзоиши талабот ба нирӯи барқ дар фасли сармо  рабт медиҳад. Вале мунтақидон мегӯянд, решаи мушкил дар мудирияти нодуруст ва олуда ба фасоди риштаи энергетикаи Тоҷикистон аст, ки миллиардҳо киловатт барқро ба яғмо бурда, дар ивази пули нақд ба хориҷ, асосан ба Афғонистон, мефурӯшанд.

Агентии омор ахиран хабар дод, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ба Ӯзбекистону Афғонистон 3,3 миллиард киловатт нирӯи барқ фурӯхта, аз ин ҳисоб 140 миллион доллар фоида ба даст овардааст.  Ин омор, албатта, нирӯи барқеро, ки пинҳонӣ фурӯхта мешавад ва сабабгоҳи ба 33 миллиард сомонӣ расидани қарзи “Барқи Тоҷик” шудааст, дар бар намегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button