ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ 15 МУҲОҶИР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ ДАР МАСКАВ

Шаби 19 феврали соли 2023 дар як қаҳвахона дар кӯчаи Люблинская дар наздикии бозорҳои “Садовод” ва “Люблино” байни муҳоҷирон занозании гуруҳӣ сурат гирифта, дар пайи ин занозанӣ 15 нафар, аксар аз кишварҳои Осиёи Марказиро дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши РЕН ТВ, муноқиша аввал дар дохили қаҳвахона оғоз ёфта, тарафҳо сипас барои идомаи “разбор” ба кӯча баромадаанд ва занозаниро дар кӯча давом додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада 15 нафарро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо шаҳрвандони 4 кишваранд — Русия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

Дар бораи сабабҳои занозанӣ чизе то ҳол гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки пулис 15 нафарро бо мақсади муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса боздошт кардааст.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли 2022 дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button