ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАРМАҲОИ ХАРОБИОВАР ДАР ХОРУҒ: МУТААССИФОНА, ҚУРБОНИҲО НИЗ ҲАСТАНД (2 ВИДЕО+13 АКС)

Субҳи 15 феврали соли 2023, тақрибан соати 10 дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон чанд тарма фурӯ рехта, як қисмати роҳ ва чандин мошину хонаҳои мардумро зери ғарами барф кардаанд.  

Сокинон мегӯянд, тарма ба маҳаллаи Шошхоруғ дар тарафи роҳи Ғунд (каме болотар аз маҳаллаи УПД) фурӯ рехта,  аз зери барф ҷасади ду духтари донишҷӯро берун овардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин духтарон дар роҳ ба тарафи хобгоҳи донишгоҳашон ваё дар роҳ аз хобгоҳ зери тарма мондаанд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ дар Фейсбук бо нашри видео ва аксҳои зиёд аз ҷои ҳодиса фаъоли шинохтаи зодаи Бадахшон Mузаффар Имомдод низ хабар дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хароб шудани чанд хонаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ ва нирӯҳову воситаҳои Маркази ягонаи давлатии рафъи оқибатҳои авзои фавқулодда дар ин вилоят кор карда истодаанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ гуфт, 5 нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсоларо аз зери барф наҷот додаанд.

Гуфта мешавад, тарма хатти барқро низ хароб карда, боиси қатъи интиқоли нирӯи барқ дар шаҳр шудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 феврал бо раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст, ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбарони Бадахшон, ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амр додааст, ки оқибатҳои офати табиӣ  дар Хоруғро ҳарчӣ зудтар бартараф карда, ба оилаҳои зарардидагон кумакҳои моддӣ расонда шавад.

Як рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки тайи шабонарӯзи гузаштаи 13 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 тарма фаромада, боиси муваққатан баста шудани ҳаракати нақлиёт дар қисматҳои алоҳидаи роҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 14 феврал, бино ба иттилои КҲФ, як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон  ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд

Ин ҳодиса рӯзи 14-уми феврал дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух дод. Мошини “Toyota-микроавтобус”  аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Риҷести ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва аз шумори 10 нафра мусофиронаш ду нафар занон буданд.  Ин мошин аз шаҳри Хоруғ берун шудаву ба самти Тусён дар ҳоли ҳаракат буд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва дастаи имдодгарони ихтиёрии Хазинаи Оғохон оид ба зистгоҳ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва маълум шуд, ки ҳамаи мусофирон зиндаву саломатанд, вале ҳамагӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Онҳоро ба зудӣ ба беморхона интиқол доданд. 

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, бар асари боришоти ахир ва гармшавии минбаъдаи ҳарорати ҳаво, дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои ҳисор ва дар қисмати ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 17 феврали соли 2023 хатари фурӯ рехтани тармаҳо, сангрез ва сел, ҳамчунин эҳтимоли ях бастани роҳҳо хеле зиёд боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ҳаворо печондани туман дар водиҳо ва манотиқи кӯҳдоман низ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ба ин далел аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармазо, ҳамчунин аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ё ҳшикор дар манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистон ҳадалимкон худдоӣ кунанд. Аз ронандагон низ хоста мешаванд, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо аз чораҳои бештари амниятӣ кор бигиранд ва ҳаёти худу ҳамсафарони худро зери хатар нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button