Иқтисод

“АМОНАТБОНК”, “ОРИЁНБОНК” ВА “ЭСХАТА” 3 БОНКИ НИЗОМСОЗИ ТОҶИКИСТОН ЭЪЛОН ШУДАНД

Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, таҳти №7, мутобиқи банди 16 “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.

Ин рӯйхат соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.

Бонки миллӣ се бонки фаъоли ҷумҳурӣ:

  1. БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро бо меъёри ҷамъбастии 24,27,
  2.  ҶСК “Ориёнбонк”-ро бо меъёри ҷамъбастии 20,06  ва
  3. ҶСК “Бонки Эсхата”-ро бо меъёри ҷамъбастии  14,39 ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф кард.

ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ки меъёри ҷамъбастиаш 5,17 будааст, ташкилоти қарзии низомсози эҳтимолӣ эълон шуд. Бино ба шарҳи Бонки миллӣ, ба рӯйхатти ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Қаблан дар баробари “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк”, ду бонки бузурги дигари “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” низ аз ҷумлаи бонкҳои низомсози кишвар ба шумор мерафтанд, вале дар соли 2020 ҳарду ба далели нотавониашон дар рафъи буҳрони амиқи молиявӣ барҳам дода шуданд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 сентябри соли 2022 дар маҷмӯъ 62 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд фаъолият мекарданд.

Дар давраи аз 30 сентябри соли 2021 то 30 сентябри соли 2022 ба 1 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд (ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ”) иҷозатнома дода шуда, иҷозатномаи 1 адад бонк (ҶСП “Кафолатбонк”) ва 1 адад ташкилоти маблағгузории хурд (ФҚХ “Истиқлол”) бозхонд карда шуд. Ҳамзамон, бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18.03.с.2022, №31 ба ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз” ва аз 09.06.с.2022, №68 ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шудааст. Иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” бинобар табдилёбӣ аз эътибор соқит дониста шуданд.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон намояндагии 1 бонки хориҷӣ (ҶСММ “Бонки кишоварзии Чин”) фаъолият дораду халос. Берун аз қаламрави Тоҷикистон намояндагиҳои ҶСК “Ориёнбонк” дар Имороти Муттаҳидаи Араб (ш.Дубай), дар Туркия (ш. Истагбул), дар Ҷумҳурии Корея (ш. Сеул), дар Ӯзбекистон (ш.Тошканд) ва намояндагии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Русия (ш. Москва) фаъоланд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button